Қадрдонии Комроншоҳи Устопириён дар Кумитаи миллии олимпӣ

Бо қарори бюрои Кумиитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, барои ба даст овардани медали тиллои Гран Прии Анталия-2018 ба Комроншоҳи Устопириён дар ҳаҷми 500 доллар мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Дар маълумоти Кумита қайд мешавад, ки Комроншоҳи Устопириён ҳар моҳ дар ҳаҷми 700 […]

Asia-Plus

Бо қарори бюрои Кумиитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, барои ба даст овардани медали тиллои Гран Прии Анталия-2018 ба Комроншоҳи Устопириён дар ҳаҷми 500 доллар мукофотпулӣ тақдим карда шуд.

Дар маълумоти Кумита қайд мешавад, ки Комроншоҳи Устопириён ҳар моҳ дар ҳаҷми 700 доллар стипендияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва 400 сомонӣ стипендияи  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро дарёфт мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи байнулмилалии Гран-прии «Grand-Prix Antalya 2018» дар шаҳри Анталияи Туркия Комроншоҳи Устопириён медали тилло ба даст овард. Дар вазни то 90 кило ӯ бар 4 ҳарифаш – Самули Виитанен (Финландия), Солтон Броун (ИМА), Мамадалӣ Меҳдиев (Озарбойҷон) ва чемпиони ҷаҳон дар соли 2017  Неманя Майдов аз Сербия дастболо шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.