Задухӯрд дар марз: 3 кушта ва мусодираи 45,5 кило маводи нашъаовар

Asia-Plus

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар минтақаи назоратии дидбонгоҳи сарҳадии “Сайёд”-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» амалиёти муштарак гузаронида, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва интиқоли маводи мухаддирро аз ҷониби қочоқбарони афғон ба Тоҷикистон пешгирӣ карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Қушӯнҳсои сарҳадии КДАМ ҶТ, дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ қочоқбарони афғон иборат аз 6-7 нафар бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони КДАМ ҶТ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона 1 нафар қочоқчӣ захмдор ва се нафари дигар безарар гардонида шуд.

«Боқимонда қочоқбарони афғон ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ тоб оварда натавониста тариқи қамишзор ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд», – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 адад яроқи оташфишони АКМС, 10 адад тирдон, 270 дона тири қутраш 7,62 мм, инчунин, маводи нашъадори “афюн” – 3 кг 500 гр,  “ҳашиш” – 32 кг  ва  “ҳероин” – 10 кг  дарёфт ва мусодира карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби мақомотҳои дахлдор оиди ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...