Корхонаҳои тавлидгари маҳсулоти нимтайёр барҳам дода мешаванд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Даҳсолаи наздик дар Тоҷикистон даст кашидан аз истеҳсоли ашёи хому маҳсулоти нимтайёр ва гузариш ба давраи мукаммали истеҳсолот ба нақша гирифта шудааст. Ин нукта дар Стратегияи рушди саноати ҶТ дар давраи то соли 2030 зикр мегардад.

Лоиҳаи нави Стратегияи мазкурро охири моҳи март ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ ва ҳафтаи гузашта палатаи поёнии парлумон онро маъқул шуморид.

Ҳадафҳои асосии Стратегия «барҳам додани мақоми корхонаҳо ба сифати истеҳсолкунандаи ашёи хом ва масолеҳи нимтайёр» ва «гузаштан ба давраи мукаммали истеҳсолот (истеҳсоли маҳсулоти барои содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда) унвон шудааст.

Дар санад зикр мегардад, ки саноати Тоҷикистон ба сифати содироткунандаи консентрати металлҳо, ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёри саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ ва консервахои гуногуни сабзавоту мева амал мекунад.

«Барои аз ҷониби ин соҳаҳо истеҳсол шудани маҳсулоти тайёри ҷавобгӯ ба талаботи бозор, зарурати навсозии истеҳсолот ба миён омад, ки аз соҳибкорон харҷи зиёд тақозо мекунад. Аммо воситаҳои молиявии соҳибкорони ватанӣ барои анҷоми ин кор кофӣ набуд ва ҳаллу фасли ин масъала танҳо бо роҳи ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, таъмини ҳавасмандии онҳо ва ҷолибияти саноат имкон дошт», – қайд мешавад дар Стратегия.

Иҷрои бандҳои санад дар навбати аввал аз ҳисоби маблағгузории шарикон оид ба сармоягузорӣ ва рушд пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин барои гузариш ба силсилаи мукаммали истеҳсолот истифодаи воситаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ ва қарзҳои дарозмуҳлат бо фоизҳои паст ва ғайра низ дар назар аст.

Яке аз ҳадафҳои асосии Стратегия афзоиши ҳиссаи саноат дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) зикр шудааст, ки соли 2030 то ба 25% расонидани он ба нақша гирифта шудааст. Соли 2017 ҳиссаи саноат дар ММД бо шумули энергетика 17%-ро ташкил дод.

Ба аввали соли 2018 дар ҷумҳурӣ фаъолияти 1942 корхонаи саноатӣ ба қайд гиифта шудааст, ки беш аз 90 ҳазор шаҳрвандони кишварро бо кор таъмин мекунанд.

Дар сохтори ҳозираи саноат 34,4% – ба ҳиссаи истихроҷи канданиҳои фоиданок, 26,9% – ба саноати хӯрокворӣ, наздики 15,9% – ба саноати сабук, 13,7% – ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон, 7,6% – ба саноати мошинсозӣ, коркарди металлҳо ва кимиё ва 1,6% – ба саноати истихроҷи ангишт рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...