Истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон ҳамасола 6% меафзояд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз ҳисоби ба истифода додани иқтидорҳои нав, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли тиллоро 6% афзуданианд.

«Барои давраи то соли 2030 зиёдшавии истеҳсоли солонаи тилло аз ҳисоби ба кор даровардани иқтидорҳо ва корхонаҳои нави саноатӣ ҳамасола дар сатҳи 6 фоиз пешбинӣ шудааст», – гуфта мешавад дар Стратегияи рушди саноати ҶТ дар давраи то соли 2030.

Лоиҳаи нави Стратегияи мазкурро охири моҳи март ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ ва ҳафтаи гузашта палатаи поёнии парлумон онро маъқул шуморид.

Таҳиягарони лоиҳа бар ин назаранд, ки барои рушди минбаъдаи истихроҷи тилло дар Тоҷикистон захираҳои тавозунии мавҷудаи гурӯҳи конҳои пошхӯрдаи Хунукоб, Сариғор, Кофирбача, Панҷакент, Мастчоҳ, Яғноб, Возгина, Обиравнов, Дулоби сангов муҳим мебошанд.

Дар стратегияи нав роҳандозии як қатор тадбирҳо, аз ҷумла соддагардонии додани иҷозатномаҳо барои конҳои хурд, фароҳам овардани шароити мусоиди қарздиҳӣ барои истеҳсолкунандагон, таъсиси артелҳои заршӯён аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ барои истихроҷи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ташкил ва зиёд намудани нуқтаҳои харидории металлҳои қиматбаҳо ва ғайра пешбинӣ шудааст, ки ба афзоиши истихроҷ ва истеҳсоли тилло мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки пешниҳоди Вазорати молияи ҶТ дар бораи озодона машғул шудан ба истихроҷи тилло аллакай муддати ду сол аст, ки мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад. Агар чунин қарор қабул шавад, шаҳрвандони кишвар дар қаламравҳое, ки дар ихтиёри ин ё он корхонаву ширкат қарор надоранд, метавонанд озодона ба истихроҷу дарёфти тилло машғул шаванд ва барои он иҷозати Вазорати молияро гирифтан зарур аст.

Барои истихроҷи тилло дар қаламравҳои муайян иҷозат дода мешавад. Ин қаламравҳо набояд ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ тааллуқ дошта бошанд ва дар онҳо эҳтимоли мавҷудияти ин металл бояд зиёд бошад. Масалан, водиҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ, Язғулом, Ванҷ, Бартанг ва ғайра.

Тиллои дарёфтшударо шахс метавонад озодона ба сохторҳои давлатии молиявӣ фурӯшад. Нархи харидории тилло аз аҳолиро Вазорати молия муқаррар мекунад.

Дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст. Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, соли 2017 дар Тоҷикистон оид ба ҳаҷми истеҳсоли тилло рекори нав гузошта шуд – 5,5 тонна. Ҳамаи тиллои истеҳсолшударо Бонки миллии Тоҷикистон харид.

Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Зарафшон» ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70%-и ҳиссааш ба он рост меояд.

Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.