Нашъаҷаллоби қаблан 18 сол маҳкумшуда боз барои ҳамин амал 17 сол ҷазо гирифт

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сокини 48-солаи ноҳияи Фархор Файзулло Қалуғшоевро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба 17 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди мазкур хабар доданд, Қалуғшоев қаблан низ ба иттиҳоми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва қочоқ гунаҳкор эътироф гардида, ба 18 соли зиндон […]

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сокини 48-солаи ноҳияи Фархор Файзулло Қалуғшоевро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба 17 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди мазкур хабар доданд, Қалуғшоев қаблан низ ба иттиҳоми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва қочоқ гунаҳкор эътироф гардида, ба 18 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале баъди ба озодӣ баромадан, боз ба шуғли ғайриқонунии пешинааш даст задааст.

«Дар ҷараёни як амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар гузаргоҳи «Қӯштегирмон»-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд автомашинаи КамАЗ таҳти идораи ронанда С.Назаров боздошт ва аз он дар маҷмӯъ 65 бастаи дорои 120 кило маводи нашъаовари ҳашиш ва афюн дарёфт мегардад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои сарчашмаи хабар, дар ҷараёни тафтишот маълум шудааст, ки ин миқдори маводи мухаддирро Қалуғшоев ва ҳаммаслакаш – собиқ капитани комиссариати вилояти Суғд К.Ниёзов барои фурӯш аз шаҳрванди Афғонистон бо номи Ҷангалӣ харидаанд.

Зимнан зикр гардид, ки Файзулло Қалуғшоев 1 августи соли 2017 дар қаламрави ноҳияи Варзоб боздошт шудааст.

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе ӯро ба 17 сол ва ҳаммаслаконаш – К.Ниёзов ва С.Назарзодаро ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.