ИМА аз воридоти пахтаи Туркманистон даст кашид

ИМА воридоти пахтаи Туркманистон ва маҳсулотеро манъ кард, ки аз пахтаи Туркманистон таҳия шудааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Хадамоти гумрук ва назорати сарҳадии ИМА, чунин қарор рӯзи 18 май қабул шудааст. Гуфта мешавад, дар Амрико қонуне амал мекунад, ки бар асоси он, воридоти маҳсулоте манъ аст, ки онро бо […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

ИМА воридоти пахтаи Туркманистон ва маҳсулотеро манъ кард, ки аз пахтаи Туркманистон таҳия шудааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Хадамоти гумрук ва назорати сарҳадии ИМА, чунин қарор рӯзи 18 май қабул шудааст.

Гуфта мешавад, дар Амрико қонуне амал мекунад, ки бар асоси он, воридоти маҳсулоте манъ аст, ки онро бо истифода аз меҳнати кӯдакон ё меҳнати маҷбурӣ ва ё бо вайрон кардани қонунгузории меҳнат истеҳсол кардаанд. Қарори манъи воридоти пахтаи Туркманистон ҳам дар асоси ин қонун қабул шудааст.

Манъи воридоти пахтаи Туркманистон мумкин аст, ба арзномаи созмонҳои "Ширкати пахта", Иттилои алтернативии Туркманистон ва Анҷумани байналхалқии ҳуқуқҳои меҳнат рабт дошта бошад.

Ин созмонҳо мегӯянд, ҳукумати Туркманистон кормандони буҷавӣ ва кӯдакони 10-15-соларо иҷборан ба ҷамъоварии ҳосили пахта сафарбар мекунад. Гузашта аз ин, мақомоти Туркманистон рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқеро боздошт мекунанд, ки ба инъикоси ин мушкил машғул ҳастанд.

Дар гузашта ширкатҳои нассоҷие мисли H&M, IKEA, Inditex ва VF аз истифодаи пахтаи Туркманистон даст кашида буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.