БОР мададрасони асосии Тоҷикистон буданашро тасдиқ мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Наздики 82%-и маблағгузорӣ ба Тоҷикистон, ки аз ҷониби бонкҳои байнулмилалии рушд семоҳаи аввали соли равон барои Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба Бонки осиёгии рушд (БОР) рост меояд.

«Ҳаҷми асосии сармоягузорӣ ба Тоҷикистон қарзи БОР дар бахши «Нақлиёт ва Зербинои нақлиётӣ» ба маблағи 90 млн. доллар аст», – қайд мешавад дар Гузориши фаъолияти сармоягузории бонкҳои байнулмилалии рушд дар семоҳаи аввали соли 2018, ки аз ҷониби Бонки авруосиёии рушд омода шудааст.

Дар он зикр мегардад, ки грант дар ҳаҷми 90 млн. доллар ба таъмиру навсозии 40 километр роҳи Душанбе – Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) равона мегардад.

Ғайр аз ин, таъкид мешавад дар Гузориш, семоҳаи аввали соли равон БОР кумаки техникиро ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 700 ҳазор доллар барои беҳбуди нигоҳубини солимии модарону кӯдакон низ тасдиқ намуд.

Ҳамчунин аз ҷониби БОР тасдиқ шудани маблағгузорӣ ба ду лоиҳа дар Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 18,37 млн. доллар қайд мешавад, ки 16,57 млн. доллари он – ба амалисозии лоиҳаи барқарорсозӣ ва идоракунии иншооти обёрии Зарафшон ва 1,8 млн. доллар – ба татбқиқи лоиҳаи таҳкими шабакаи таъмини амнияти иҷтимоии кишвар харҷ мешавад.

Дар Гузориш ҳамзамон 2 млн. доллар сармоягузории Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) баҳри маблағгузорӣ ба талабот дар сармояи гардишии ҶДММ «Таҷеро» (ширкати савдои машғул ба воридот ва тақсим (дистрибутсия)-и маҳсулоти хӯрокворӣ) низ зикр мегардад.

Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда, ин ниҳоди байнулмилалии молӣ яке аз ташкилотҳои асосии мададрасон ба ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ беш аз 1,6 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Фаъолияти БОР дар Тоҷикистон ба беҳбуди вазъи зербино, ислоҳи муҳити сармоягузорӣ ва беҳтар кардани амнияти ғизойӣ нигаронида шудааст.

Аввали соли равон намояндагии доимии БОР эълом дошт, ки ҳадди ақал то охири соли равон ин бонк ба Тоҷикистон танҳо бар асоси бебозгашт (грантӣ) маблағузорӣ мекунад. Сабаби бо грантҳо ба маблағгузорӣ гузаштан сарбории қарзи ҷумҳурӣ унвон шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.