Тавсияҳои ХБА ба Тоҷикистон ҷиҳати баргардонидани эътимоди мардум ба бонкҳо

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ҷиҳати барқарор крадани эътимоди мардум ба бонкҳо аз чораҳои қатъӣ кор гирад. Ҳамчунин ба ҷумҳурӣ қабули тадбирҳо дар самти рафъи хатарҳои устувории қарзи давлатӣ тавсия шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои сафари 10-рӯзаи ҳайати Хазина ба кишвар барои шиносоии наздик бо вазъи иқтисодии Тоҷикистон намояндагони Хазина ба чунин хулоса расидаанд.

Дар изҳороти дар ин робита интишоршуда санаи 29 май дар сомонаи ХБА қайд мешавад, ки аз тадбирҳои рӯйикоромада оид ба такмили танзими бахши молиявӣ ва назорат истиқбол шуда, таъкид мешавад, ки «лекин ба ҳар ҳол, барои барқарор намудани эътимоди саҳмгузорон ба низоми бонкӣ тадбирҳои қатъӣ заруранд».

Мутахассисони ХБА зикр мекунанд, ки роҳандозӣ нашудани тадбирҳои қатъӣ оид ба солимгардонии вазъи ду бонки дучори мушкилот («Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»), ба миёнаравии пурсамар дар кишвар монеъа эҷод мекунад.

Гуфта мешавад, дар амалисозии лоиҳаҳои бузурги зерсохторӣ барои дурнамои молиявӣ хавфҳо вуҷуд дорад ва «идоракунии ин хавфҳо ҳамгиройии молиявӣ барои устувор нигоҳ дошатни қарзро тақозо менамояд».

Дар гузориш таъкид мешавад, ки таносуби қарзи давлатии Тоҷикистон ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли охир аз 42 то ба 50 фоиз боло рафт.

Намояндагони Хазина аз оғози ислоҳот дар бахши энергетикаи ҷумҳурӣ (Барқи тоҷик) истиқбол намуда, бар ин назаранд, ки тақсими ширкат ба се сохтор – оид ба истеҳсол, интиқол ва тақсимот самаранокии фаъолияти ин соҳаро беҳтар карда метавонад.

Зиёнҳои расида ба ширкати «Барқи тоҷик»-ро иқтисодчиёни ХБА ба мавҷуд набудани ҳисоботнокӣ, ношаффофӣ дар идоракунӣ, ҳамчунин муқаррар шудани тарифҳои пасттар аз арзиши аслӣ барои корхонаҳои бузург нисбат медиҳанд.

Дар робита ба барномаи нави ХБА барои дастгирии Тоҷикистон дар изҳорот гуфта мешавад, ки баррасии он моҳҳои наздик оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳайати ХБА таҳти сарварии Падамжа Хандевалла аз 14 то 23 май дар Тоҷикистон қарор дошт. «Дар ҷараёни сафари ҳайат бо ҳукуматдорони Тоҷикистон гуфтушунид ва муколамаҳои созанда баргузор шуданд», – омадааст дар изҳороти Хазина.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.