Мурофиаи судӣ нисбати роҳбари «Умед-88» пушти дарҳои пӯшида мегузарад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Суди олии Тоҷикистон ояндаи наздик, эҳтимол охири ҳамин ҳафта ё аввали ҳафтаи оянда ба баррасии парвандаи роҳбари ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев оғоз кунад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳукумати ҷумҳурӣ. Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзҳои 20 май парвандаро ба баррасии суд фиристода буд. Ба […]

Суди олии Тоҷикистон ояндаи наздик, эҳтимол охири ҳамин ҳафта ё аввали ҳафтаи оянда ба баррасии парвандаи роҳбари ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев оғоз кунад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳукумати ҷумҳурӣ.

Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзҳои 20 май парвандаро ба баррасии суд фиристода буд.

Ба иттилои манбаъ, мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи роҳбарони ширкати «Умед-88» пушти дарҳои пӯшида мегузарад, зеро ба он муҳри махфӣ гузошта шудааст, вале бо кадом асос чунин муҳр гузоштанро шарҳ надод.

Раҷабалӣ Одинаев санаи 14 октябри соли 2017 баъди суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон боздошт шуд.

Нисбати Одинаев мутобиқи моддаҳои 247 (қаллобӣ), 289 (қочоқ), 292 (саркашӣ аз пардохти андоз ва 340 (сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Зимни суханронӣ рӯзи 14 октябр дар вохӯрӣ бо соҳибкорон Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки ширкати «Умед-88» воситаҳои зиёди буҷетро харҷ карда, муддати 4 сол аст, ки ба давлат барнамегардонад. Амали кормандони Вазорати молияро, ки ин маблағҳоро додаанд, Сарвари давлат «бемасъулиятӣ» хонда, дастур дод, ки гунаҳкорон муҷозот шаванд.

Ширкати «Умед-88» муддати беш аз 20 сол бо воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул аст. Бензин ва сӯзишвории дизелиро ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид намуда, сипас онро барои фурӯш ба зиёда аз 70 нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкат дар саросари ҷумҳурӣ тақсим мекард.

То соли гузашта «Умед-88» дар қатори ширкатҳои «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Тоҷик Петролиум» ва «Аурум Спика» дар рӯйхати субъектҳои хоҷагидорие қарор дошт, ки дар бозори сӯзишвории кишвар мавқеи афзалиятнок доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад