Ҳалокати ноболиғ зери чархи мотисикли байкер аз Русия

Бар асари садамаҳои нақлиёт охири ҳафтаи спаришуда дар роҳҳои ҷумҳурӣ 2 ноблиғ ба ҳалокат расид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, 1-уми июни соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “БМВ”, Виниченко Иван Михайлович, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи Федератсияи Россия, вилояти Новосибирск, ноҳияи Истикимский, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Конибодом-Деҳмой” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти […]

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бар асари садамаҳои нақлиёт охири ҳафтаи спаришуда дар роҳҳои ҷумҳурӣ 2 ноблиғ ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, 1-уми июни соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “БМВ”, Виниченко Иван Михайлович, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи Федератсияи Россия, вилояти Новосибирск, ноҳияи Истикимский, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Конибодом-Деҳмой” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Э.Шарифови шаҳри Конибодом бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Содиқов Эҳсонҷон Исломҷонович, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 5-уми МТМУ, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин 2-юми июни соли 2018, тахминан соати 12:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” Ҳомидов Маҳмадулло Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Восеъ-Темурмалик”, дар ҳудуди деҳаи Тозқалъа аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Иброҳими Исмоил, соли таваллудаш 2007, хонандаи синфи 4-уми МТМУ, сокини ҷамотаи деҳоти М.Маҳмадалиевро пахш намудааст.

Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодиса пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.