Шумори қурбониёни вулкан дар Гватемала ба 25 нафар расид

  Дар Гватемала ҳангоми хурӯҷи вулкани Фуэго на камтар аз 25 одам кушта, наздики 300 тани дигар захмӣ ва бештар аз ду ҳазор сокин ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба ВВС, айни замон хуруҷи вулкан идома дорад ва шумори қурбониён мумкин аст, афзоиш ёбад, Ба иттилои […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

 

Дар Гватемала ҳангоми хурӯҷи вулкани Фуэго на камтар аз 25 одам кушта, наздики 300 тани дигар захмӣ ва бештар аз ду ҳазор сокин ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба ВВС, айни замон хуруҷи вулкан идома дорад ва шумори қурбониён мумкин аст, афзоиш ёбад, Ба иттилои расонаҳо, дарёи оташ як деҳаро иҳота карда, сокинонро ба коми худ бурдааст.

Гуфта мешавад, аз хуруҷи вулкан фаъолияти ягона хати парвоз ва нишасти  фурудгоҳи Ла-Аурорро қатъ шуда, дар саросари ин кишвар сатҳи "зард"-и хатар эълон шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=euW4yZVQgfU

Бино бар баҳогузории Институти миллии вулқаншиносӣ, забонаҳои вулкан то баландии 10 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мерасад. Вулкани Фуэго дар фосилаи 40 километр аз пойтахти ин кишвар ҷойгир аст. Хурӯҷи кунунии вулкан аз соли 1974 ба ин тараф яке аз хурӯҷҳои хатарнок унвон мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.