Нашъунамои картошкаро дар Булункӯли баландкӯҳ меозмоянд

Asia-Plus

Дар мавзеи Булункӯли ноҳияи Мурғоб озмоиши нодири парвариши зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад. Кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар майдони беш аз 15 гектар картошка ва растаниҳои хӯрока шинониданд. Деҳаи Булункӯл дар баландии 3 750 метр дар саҳи баҳр ҷойгир шуда, сардтарин мавзеъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ (то 63 дараҷа […]

Дар мавзеи Булункӯли ноҳияи Мурғоб озмоиши нодири парвариши зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад.

Кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар майдони беш аз 15 гектар картошка ва растаниҳои хӯрока шинониданд.

Деҳаи Булункӯл дар баландии 3 750 метр дар саҳи баҳр ҷойгир шуда, сардтарин мавзеъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ (то 63 дараҷа хунук) мебошад. Айни замон дар ин ҷо 62 оила иқомат доранд, ки ба чорводорӣ машғуланд.

Ба гуфтаи корманди калони илмии Пажуҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Қурбоналӣ Партоев, дар Булункӯл истифодаи беш аз 500 гектар замини кишвоарзӣ имконпазир аст.

Бо қарори раҳбарияти Академияи илмҳои Тоҷикистон, аз 24 то 31 май як гурӯҳи олимон дар ин ҷо бо ёрии сокинони маҳаллӣ дар майдони 0,5 гектар карошка шинонида, дар 15 гектар растаниҳои хӯроки чорво, аз қабили ҷав, алафи юнучқа ва ғайра кишт карданд.

«Ҳадафи аслии ин озмоиши илмӣ-истеҳсолӣ муайян кардани имкони парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар шароити баландкӯҳ аст. Дар замони таҳдиди тағйирёбии иқлим ба амнияти озуқавории саросари дунё, ин масъала имрӯз хеле муҳим аст», – иброз дошт Партоев.

Олимон интизорӣ доранд, ки дар сурати роҳандозии дурусти тадбирҳои агротехникӣ, дар Булункӯл метавон ҳосили хуби зироатҳои зикршударо ба даст овард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад