Ширкати «Нури Ховар» хатҳои истеҳсоли маҳсулотро барқарор мекунад

Пас аз иваз шудани раҳбарияти КВД «Нури Ховар» (собиқ «Заря Востока») хатҳои технологии ин корхона ба кор даромаданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, айни замон дар корхона қубурҳои полиэтиленӣ ва ҳамчунин бо истифода аз ашёи хоми ҶДММ «Талко Кабель» дигар маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад. «Аз ҷумла, кори хати истеҳсоли қубурҳои поливинилхлорид (ПВХ), […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Пас аз иваз шудани раҳбарияти КВД «Нури Ховар» (собиқ «Заря Востока») хатҳои технологии ин корхона ба кор даромаданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, айни замон дар корхона қубурҳои полиэтиленӣ ва ҳамчунин бо истифода аз ашёи хоми ҶДММ «Талко Кабель» дигар маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад.

«Аз ҷумла, кори хати истеҳсоли қубурҳои поливинилхлорид (ПВХ), резини техникӣ барои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии ҳама гуна навъҳои автомашинаҳо ва хокаи резинӣ барои майдончаҳои варзишӣ ва роҳҳои автомобилгард роҳандозӣ шуд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти «Нури Ховар» дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ҳамчунин дастгирии раиси вилояти Суғд ҷиҳати афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истеҳсоли маҳсулот, ҳамчунин таъсиси шумори бештари ҷойҳои нави корӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли равон дар ҳайати раҳбарии КВД «Нури Ховар» тағйирот сурат гирифт. Директори нави генералии корхона Парвиз Ҷабборзода таъин шуд. Корхона дар шаҳри Истиқлол (собиқ) Табошар воқеъ аст.

Айни замон КВД «Нури Ховар» яке аз корхонаҳои бузурги вилояти Суғд мебошад, ки молу маҳсулоти ниёзи мардум ва маҳсулоти таъиноти истеҳсоли ва техникӣ истеҳсол мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.