Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар истироҳатгоҳи тобистонаи Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳили обанбори Қайроққум олимпидаи байнулмилалӣ оид ба ҳисоу китоб (арифметика)-и зеҳнӣ GENIUSKID-ASIA-2018 ба итмом мерасад; – Дар Хонаи кинои пойтахт машғулитҳо оид ба касби коргардонии Эрнест Абдуҷабборов, намояндаи маъруфи соҳаи кинои Қирғизистон, коргардони кино, сенариянавис ва ҷоизадори бисёр фестивалҳои байнулмилалӣ доир мегардад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар истироҳатгоҳи тобистонаи Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳили обанбори Қайроққум олимпидаи байнулмилалӣ оид ба ҳисоу китоб (арифметика)-и зеҳнӣ GENIUSKID-ASIA-2018 ба итмом мерасад;

– Дар Хонаи кинои пойтахт машғулитҳо оид ба касби коргардонии Эрнест Абдуҷабборов, намояндаи маъруфи соҳаи кинои Қирғизистон, коргардони кино, сенариянавис ва ҷоизадори бисёр фестивалҳои байнулмилалӣ доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.0271 сомонӣ;

1 евро – 10.6014 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1457 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии ҳифзи муҳити зист.

1961 – Ифтитоҳи Ҳафтаи адабиёти қирғиз дар Тоҷикистон.

1912 — Мавлудаи Арбоби шоистаи Тоҷикистон, шарқшинос Вера Расторгуева.

1930 – Зодрӯзи журналист-аксбардор Зиннат Азизов.

1945 – Мавлуди коргардони сирк, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сарват Беҳбудӣ.

1957 – Зодрӯзи нависанда, журналист Умари Шерхон.

1960 – Мавлуди журналист Қурбони Аламшоҳ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +16+21.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +35+40; дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +29+34.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +26+31; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +15+20.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +21+26.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +36+38.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.