Вохӯрии навбатии сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Чин

Аваз Юлдошев,

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-10 июн ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба шаҳри Синдаои Чин меравад. Дар ҳошияи нишаст як қатор дидору гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Иттиҳод дар назар аст. Аз ҷумла, вохӯрии Президенти Тоҷикистон бо Сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-10 июн ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба шаҳри Синдаои Чин меравад.

Дар ҳошияи нишаст як қатор дидору гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Иттиҳод дар назар аст.

Аз ҷумла, вохӯрии Президенти Тоҷикистон бо Сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Русия Владимир Путин ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дидору гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Афғонистону Қирғизистон ва сарвазирону Ҳиндустону Покистон низ пешбинӣ мешавад.

Бино ба иттилои як манбаи «Азия-Плюс», дар Синдао байни кишварҳои узви СҲШ шартнома дар бораи ҳусни неки ҳамҷаворӣ ва барномаи ҳамкорӣ ба муҳлати 5 сол дар бахшҳои иқтисоду амният ва робитаҳои гуманитарӣ ба имзо мерасанд.

СҲШ созмони байнулмилалиест, ки соли 2001 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Моҳи июни соли 2016 дар нишасти СҲШ дар Ӯзбекистон бобати ба узвияти Созмон пазируфта шудани Ҳиндустон ва Покистон Ёддошт ба имзо расид.

Афғонистону Беларус ва Эрону Муғулистон – кишварҳои нозир ва Озарбойҷону Арманистон, Камбоҷа, Непалу Туркия ва Шри-Ланка – давлатҳои шарики Созмон мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад