IRS: Қитъаи фурӯрафтаи роҳи Душанбе – Чанок қариб пурра барқарор шуд

Қитъаи 35 метраи шабонгоҳи рӯзи 2 июн фурӯрафтаи роҳи Душанбе – Чанок қариб пурра барқарор шуда, танҳо асфалтхобониаш боқӣ монд. «Сабабҳои фурӯравии ин қитъаи роҳро мутахассисон муайян мекунанд. Тибқи хулосаҳои пешакӣ, ин ба боришоти зиёди пайдарҳами моҳи гузашта вобаста аст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» далер Мерганов, котиби матбуотии  Намояндагии филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қитъаи 35 метраи шабонгоҳи рӯзи 2 июн фурӯрафтаи роҳи Душанбе – Чанок қариб пурра барқарор шуда, танҳо асфалтхобониаш боқӣ монд.

«Сабабҳои фурӯравии ин қитъаи роҳро мутахассисон муайян мекунанд. Тибқи хулосаҳои пешакӣ, ин ба боришоти зиёди пайдарҳами моҳи гузашта вобаста аст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» далер Мерганов, котиби матбуотии  Намояндагии филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS) дар Тоҷикистон, ки ба хизматгузории ин шоҳроҳ масъул аст.

Ба гуфтаи ӯ, баъди фурӯравии қитъа, бо заҳмати зиёди кормандони “IRS”  дар  дили кӯҳ роҳи мувақкатӣ бунёд гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин ва баъдан қитъаи фурӯрафта низ барқарор карда шуд.

«Ҳоло дар ноҳияи Айнӣ корхонаи истеҳсоли аслфалти марбут ба филиали Ширкат бо иқтидори 70 тонна асфалт дар як соат фаъолият дорад ва мутахассисони ҳирфаии Ширкат дар кӯтоҳтарин муддат роҳи мавриди назарро ба ҳолати аввала бармегардонанд», – иброз дошт ӯ.

Намояндаи IRS таъкид дошт, ки айни замон ҳаракати нақлиёт бидуни ягон маҳдудият таъмин аст. Фурӯравии роҳ дар баъзе қитъаҳоро ӯ ба гузаштани мошинҳои бузургвазн тариқи онҳо низ шарҳ дод.

«Муҳлати кафодат ҳоло ба итмом нарасида, лекин бинобар сабаби риоя нашудани қоидаҳои истифодаи роҳ, вайроншавии пешазмуҳлати роҳ ба мушоҳида мерасад», – қайд кард Мерганов.

Зимнан таъкид шуд, ки то охири соли ҷорӣ ширкат таъмири асосии беш аз 117 километри роҳро ба нақша гирифта, корҳо аллакай дар қитъаҳои ҷудогонаи ноҳияи Варзоб ва вилояти Суғд оғоз шудаанд.

Қобили зикр аст, ки Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2015 бар асоси консессия бо ҳукумат ба идоракунии зербинои роҳи мошингарди Душанбе – Чанок (410 километр) машғул аст. Айни замон дар ин роҳи автомобилгард плазаҳои Варзоб, Ҳушёрӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Деҳмой ва Чорух амал мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.