ВКД: Ба сӯхтор дар «Султони Кабир» шояд расиши кӯтоҳи ноқилҳо сабаб шуда бошад

Яке аз фарзияҳои асосии сабаби сӯхтор дар бозори «Султони Кабир»-и пойтахтро ВКД Тоҷикистон расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ номбар мекунад. «Алҳол сари хулосае расидан барвақт аст, вале аз эҳтимол дур нест, ки расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ба сӯхтор дар ин бозор сабаб шуда бошад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ. Ба […]

Asia-Plus

Яке аз фарзияҳои асосии сабаби сӯхтор дар бозори «Султони Кабир»-и пойтахтро ВКД Тоҷикистон расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ номбар мекунад.

«Алҳол сари хулосае расидан барвақт аст, вале аз эҳтимол дур нест, ки расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ба сӯхтор дар ин бозор сабаб шуда бошад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар макони ҳодиса барои муайян кардани сабабҳои сӯхтор гурӯҳи фаврии тафтишотӣ машғули кор буда, ғайр аз ин, фарзияҳои истифодаи беэҳтиёт аз оташ ё барқасдона оташ задан низ мавриди баррасӣ қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки сӯхтор дар табақаи якуми бинои 6 – ошёнаи Маркази савдо ба вуқӯъ пайваста, масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа ба анборҳо ва 21 адад дӯкону мағозаҳо зарари моддӣ расонда шуд.

Барои муайян кардани сабабҳои сӯхтор ва зарари он аз ҳисоби намояндагони сохторҳои дахлдор гурӯҳи фаврӣ – тафтишотӣ ташкил шуда, гурӯҳи мазкур вазифадор гардид, ки сабабҳои сар задани сӯхтор ва зарари ба амаломадаро пурра муайян намояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.