Роҳҳои Тоҷикистон яке аз беҳтаринҳо дар паҳнои пасошӯравӣ

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги арзёбии роҳҳои мошингардро дар 137 кишвари саросари дунё ба нашр расонид. Муаллифони рейтинги «Сифати роҳҳо» вазъи зербинои роҳҳои мошингардро дар ин ё он кишвар тибқи ҷадвали аз 1 то 7 балл арзёбӣ кардаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ кадоме аз кишварҳо балли олиро соҳиб нашудааст. Бо касби 4,1 балл дар рейтинги мазкур […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги арзёбии роҳҳои мошингардро дар 137 кишвари саросари дунё ба нашр расонид.

Муаллифони рейтинги «Сифати роҳҳо» вазъи зербинои роҳҳои мошингардро дар ин ё он кишвар тибқи ҷадвали аз 1 то 7 балл арзёбӣ кардаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ кадоме аз кишварҳо балли олиро соҳиб нашудааст.

Бо касби 4,1 балл дар рейтинги мазкур Тоҷикистон дар зинаи 70-ум қарор дорад.

Миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо Озарбойҷон (зинаи 36-ум), Литва (37-ум) ва Эстония (38-ум) дар зинаи аз Тоҷикистон баландтари рейтинг ҷой гирифтаанд.

Гурҷистон дар мақоми 82-юм, Арманистон – 85, Латвия – 107,  Россия – 114, Қазоқистон – 115, Қирғизистон – 122, Молдова – 128, Украина – 130 қарор доранд. Дар бораи Ӯзбекистон, Туркманистон ва Беларус маълумот дода нашудааст.

Зербинои роҳҳои мошингарди АМА, Сингапур, Швейтсария, Гонконг ва Нидерланд дар рейтинг беҳтарин арзёбӣ шуда, бадтарин роҳҳо дар Мавритания, Конго, Гаити, Мадагаскар ва Гвинея ба қайд гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҷуз қаламрави ВМКБ, зербинои қариб ҳамаи роҳҳои Тоҷикистон, таъмиру навсозӣ шуданд. Роҳҳои мошингарди ВМКБ ҳанӯз замони иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шуда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.