Чорабиниҳои асосии ҷашни Рӯзи ваҳдат имсол дар Конибодом доир мегарданд

Чорабиниҳои асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ имсол санаи 27 июн дар шаҳри Конибодом баргузор мешаванд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Чорабиниҳо бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони ҳукумат, аъзои парлумон, аҳли ҷомеаи кишвар ва намояндагони диаспораҳои тоҷикоони муқими кишварҳои хориҷи дур ва наздик баргузор мешавад. Бино […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Чорабиниҳои асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ имсол санаи 27 июн дар шаҳри Конибодом баргузор мешаванд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Чорабиниҳо бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони ҳукумат, аъзои парлумон, аҳли ҷомеаи кишвар ва намояндагони диаспораҳои тоҷикоони муқими кишварҳои хориҷи дур ва наздик баргузор мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи ҳузур дар Конибодом бо иштироки Президенти Тоҷикистон як қатор иншооти таъиноту иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ишаҳр вохӯрда, бо кори кишоварзону саноатчиёни шаҳр шинос мешавад.

Ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ санаи 27 июн дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳои идона доир мегарданд.

Санаи 27 июни соли 1997 дар Маскав байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Аз ҳамон замон ин сана ҳаҷмун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, 27 июн дар ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.