Интернети арзон мехоҳед? Пас ба Эрон ё Қазоқистон рӯ оред

Asia-Plus

Агентии иттилотиву таҳлилии Content Review натиҷаҳои таҳқиқоти тарифҳоро ба хизматгузории интернети мобилӣ дар 50 кишвари дунё ба нашр расонид. Дар ҷараёни баргузории таҳқиқот, ки дар ҳамдастӣ бо ширкати «Вымпелком» гузаронида шуд, пешниҳодоти тарифии 137 операторои алоқа мавриди таҳлил қарор гирифта, арзиши як гигабайти онҳо ҳисобу китоб шуд. Интернети мобилии арзонтарин дар Эрон ба қайд гиифта […]

Агентии иттилотиву таҳлилии Content Review натиҷаҳои таҳқиқоти тарифҳоро ба хизматгузории интернети мобилӣ дар 50 кишвари дунё ба нашр расонид.

Дар ҷараёни баргузории таҳқиқот, ки дар ҳамдастӣ бо ширкати «Вымпелком» гузаронида шуд, пешниҳодоти тарифии 137 операторои алоқа мавриди таҳлил қарор гирифта, арзиши як гигабайти онҳо ҳисобу китоб шуд.

Интернети мобилии арзонтарин дар Эрон ба қайд гиифта шудааст, ки арзиши як гигабайт тақрибан 9 сенти амрикоиро ташкил медиҳад.

Барои ҳисобу китоби арзиши гигабайт меъёрҳои тарифӣ ё «интернет-тарифҳо»-и васлшуда аз 3 гигабайт ва зиёдтар аз он гирифта шудааст. Дар ҳар кадоме аз кишварҳо тарифҳои чор операторони бузург баррасӣ шуда, дар ҳисоби ниҳоӣ нишондиҳандаи миёнаи арзиши гигабайт истифода шудааст.

Ба даҳгонаи кишварҳо бо интернети мобилии арзон ба ҷуз Эрон, Полша (27 сент барои 1 Гигабайт), Венесуэла (37 сент), Қазоқистон (80 сент), Ҳиндустон (85 сент), Миср (88 сент), Покистон (90 сент), Русия (1,05 доллар), Италия (1,53 доллар) ва Нигерия (1,6 доллар) шомил гардидаанд.

Мутахассисони Content Review тарифҳо ба хизматрасонии интернети мобилиро дар Тоҷикистон таҳқиқ накардаанд.

Лекин, бо назардошти меъёрҳои тарифии мавриди истифода дар рейтинг – аз 3 гигабайт ва болотар аз он, арзиши 1 гигабайт интернети мобилии операторони Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 26 сомонӣ ё худ наздики 3 долларро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, дар рейтинги Content Review Тоҷикистонро байни Финландия ва Тайван, ки арзиши интернети мобилӣ дар ин кишварҳо мутаносибан ба 2,9 ва 3,06 доллар баробар аст, метавон ба зинаи 17-ум гузошт.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи ин рейтинг, интернети мобилии гаронтарин – 13,3 доллар барои як гигабайт дар Япония амал мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Тоҳир Тоҷибоев то даргузашти Самад Ғанӣ ва Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ

Як сокини Кӯлоб барои содир кардани чанд ҷиноят 23 сол равонаи зиндон шудааст

Аз ҷумла ӯ, ба муомилоти беш аз 100 кг маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд.

Раиси Созмони истихбороти Сипоҳи посдорони Эрон ҳам дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико кушта шудааст

Ӯ соли гузашта пас аз кушта шудани Муҳаммад Козимӣ, раиси пешини Созмони иттилооти Сипоҳ ба ин мансаб таъин гардида буд.

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

Дар муколамаи машваратии “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Афғонистон гузашт, кӣ чӣ гуфт ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

Ин ниҳод мегӯяд, сокинони кишвар имкон доранд, 3 рӯз аз ташхису муоинаи ройгон истифода кунанд.

Посухи Муҳаммадбоқир Қолибоф ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳ ва пулҳои Эрон

Трамп барои музокира бо Эрон то рӯзи чоршанбе, соати 3:30 ба вақти Теҳрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе муҳлат додааст.