Имкони бақайдгузории муҳоҷирон дар маҳалли назди сохтмон

Asia-Plus

Думаи давлатии Русия дар қироати сеюми хотимавӣ қонунеро қабул намуд, ки ба шаҳрвандони хориҷии барои кор дар Русия қарордошта ҷиҳати қайд гузоштан дар маҳалли будубош бо суроғаи ташкилоте, ки дар он машғули кори қонунӣ аст, имкон медиҳад. Бино ба иттилои сомонаи Думаи давлатии Русия, ки тағйироти рӯзи 7 июн қабулшуда ба қонун «Дар бораи қайди […]

Думаи давлатии Русия дар қироати сеюми хотимавӣ қонунеро қабул намуд, ки ба шаҳрвандони хориҷии барои кор дар Русия қарордошта ҷиҳати қайд гузоштан дар маҳалли будубош бо суроғаи ташкилоте, ки дар он машғули кори қонунӣ аст, имкон медиҳад.

Бино ба иттилои сомонаи Думаи давлатии Русия, ки тағйироти рӯзи 7 июн қабулшуда ба қонун «Дар бораи қайди муҳоҷират шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия» нашр шудааст, шарти муҳим он аст, ки ҷойи бақайдгузорӣ бояд макони воқеии зист бо суроғаи ташкилоти зикршуда ё бинои ин ташкилот бошад, ки маълумоти суроғавӣ (бино, иншоот) надорад, аз ҷумла муваққатӣ.

Агар муҳоҷир худро ба қайд гузораду дар он ҷо зиндагӣ накунад, мутаносибан ин қонуншиканӣ маҳсуб ёфта, ҷарима ё ихроҷ шуда метавонад.

Тағйирот ба қонун баъди аз ҷониби президент ба имзо расидан ва нашри он дар матбуоти расмӣ мавриди амал қарор мегирад.

Дар тағйирот қайд мешавад, ки шаҳрванди хориҷӣ бояд дар маҳалли будубош худро ба қайд гузоранд:

1) бо суроғаи бинои истиқомат, ки макони зисти ӯ набуда, шаҳрванди хориҷӣ воқеъан ҳам дар он зиндагӣ мекунад;

2) бо суроғаи меҳмонхона ё дигар ташкилот, ки ба сифати меҳмонхона хизматрасонӣ мекунад, санатория, хонаи истироҳат, осоишгоҳ, лагери солимӣ барои кӯдакон, пойгоҳҳои сайёҳӣ, кемпинг ё дигар бино, ки ӯ воқеъан дар он зиндагӣ мекунад, ё бо суроғаи муассисаи тиббӣ, ки дар шароити бистарӣ кардан хизмат мерасонад, ё ташкилоти хизматрасонии иҷтимоӣ, ки бо шакли дар онҷо қарор доштан хизматрасонӣ мекунад, аз ҷумла ба шахсоне, ки ҷойи муайяни зиндагӣ надоранду дар он барои гирифтани хизматрасонии ин муассиса қарор доранд, ё бо суроғаи муассисаи иҷрокунандаи ҷазои ҷиноӣ ё маъмурӣ, ки дар он нигаҳдорӣ мешавад.

Дар қонун ибораи «ба қайд гузоштан уҳдадор аст» – ба ифодаи «бояд ба қайд гузорад» иваз шудааст.

Ҷониби қабулкунанда шаҳрвандони доимо муқими Русия ва дорои ҳуқуқи бақайдгузорӣ дар манзили зисти худ, ҳамчунин шахсони ҳуқуқӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои консулгарии давлати хориҷӣ буда метавонанд, ки мутобиқи қонунгузории Русия барои зиндагии воқеии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ бинои манзили зист ё дигар бино пешниҳод кардаанд.

Дар робита ба дигар тағйироту иловаҳо ба қонунгузории муҳоҷирати Русия тавре пештар хабар дода шуд, дар ҳукумати ин кишвар тағйирот ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди таҳия қарор дорад, ки мутобиқи он муҳоҷир барои тасдиқи ҳузури қонунии худ натанҳо иҷозатномаи кор ё патент, балки бояд «шартномаи меҳнатӣ» бо корфарморо низ пешниҳод намояд.

Барои мавҷуд набудани шартнома ҷорӣ кардани то 5 ҳазор рубл ҷарима ё хориҷ шудан аз кишвар пешниҳод мешавад.

Дар Думаи давлатӣ пешниҳод мекунанд, ки ба ивази ин муҳоҷират танҳо «бо дархости пешакӣ аз минтақаҳои Русия» қонунӣ гардонида шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.