Дархости Зуҳуров оид ба таҳияи барномаи махсуси дастгирии нобиноён

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода дархост намуд, ки барномаи махсуси ҳукумат оид ба дастгирии нобиноён дар ҷумҳурӣ таҳия шавад. Вазир ваъда кард, ки дархост ба иҷро мерасад. Ин дархост зимни баррасии ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дорои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода дархост намуд, ки барномаи махсуси ҳукумат оид ба дастгирии нобиноён дар ҷумҳурӣ таҳия шавад. Вазир ваъда кард, ки дархост ба иҷро мерасад.

Ин дархост зимни баррасии ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дорои дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ ба асарҳои нашршуда дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон садо дод.

Шартномаи зикршуда 27 июни соли 2013 дар Марокаш қабул шуда, айни замон 38 давлати дунё аъзои он мебошанд. Тоҷикистон имрӯз кишвари 39-уме мебошад, ки ба ин Шартнома ҳамроҳ шуд.

Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон вазири фарҳанг хабар дод, ки моҳияти шартнома дар он ифода меёбад, ки ҳангоми нашри асарҳо барои нобиноён розигии муаллифони онҳо талаб намешавад.

Орумбекзода ҳамчунин зикр кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 8,3 ҳазор нафар нобиноён зиндагӣ мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.