ВКД: зиён аз сӯхтор дар бозори «Султони Кабир» 3,5 млн. сомонӣ арзёбӣ шуд

Ҳаҷми умумии зарари расида аз сӯхтор дар бозори «Султони Кабир» 3,5 млн. сомониро ташкил дод, хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ. Ӯ таъкид дошт, ки дар бораи аз ин миқдори умумӣ чӣ қадар зиён расиданаш ба соҳибкорон маълумот надоранд. Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон дар маҳалли сӯхтор кори гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ идома […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии зарари расида аз сӯхтор дар бозори «Султони Кабир» 3,5 млн. сомониро ташкил дод, хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ. Ӯ таъкид дошт, ки дар бораи аз ин миқдори умумӣ чӣ қадар зиён расиданаш ба соҳибкорон маълумот надоранд.

Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон дар маҳалли сӯхтор кори гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ идома дорад. Муайн карда шудааст, ки сӯхтор бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ сар задааст.

Ёдрас мекунем, ки сӯхтор шоми рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар табақаи якуми бинои 6 – ошёнаи Маркази савдо ба вуқӯъ пайваста, масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа ба анборҳо ва 21 адад дӯкону мағозаҳо зарари моддӣ расонда шуд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Сӯхтор соати 20:30 дақиқаи шом оғоз гардида, соати 00:15 дақиқа хомӯш карда шуд. Ба хомӯш кардани сӯхтор 100 адад техникаи махсус ва ёридиҳанда, ҳамчунин беш аз 3 ҳазор нафар кормандони хадамоти таъҷилии ҷумҳурӣ сафарбар шуданд.

Баъди сӯхтор раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дстур дод, ки сабабҳои сар задани сӯхтор муайян ва ба осебдидагон кумак расонида шавад.

Аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки Рустами Эмомалӣ ба директори бозор Султон Кабиров дастур додааст, ки тамоми зарари расида ба соҳибкорон аз ҳисоби фоидаи бозор барқарор карда шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.