Ифтитоҳи боз як мактаби ДСРТ. Ин дафъа дар Кӯлоб

Таъсиси филиали Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ) дар заминаи мактаби таҳсилоти миёнаи маҳаллӣ дар Кӯлоб дар назар аст. Як мактаби Русия ва Тоҷикистон дар пойтахт амал мекунад. Дар ин хусус лоиҳаи созишномаи дахлдор байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия таҳия ва айни замон дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад. Дар қарори аз 30 май баимзорасидаи ҳукумати […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таъсиси филиали Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ) дар заминаи мактаби таҳсилоти миёнаи маҳаллӣ дар Кӯлоб дар назар аст. Як мактаби Русия ва Тоҷикистон дар пойтахт амал мекунад.

Дар ин хусус лоиҳаи созишномаи дахлдор байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия таҳия ва айни замон дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад.

Дар қарори аз 30 май баимзорасидаи ҳукумати ҶТ дастур дода мешавад, ки лоиҳа маъқул шуорида шавад. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ дастур дода шудааст, ки бо ҷониби Русия сана ва макони имзои созишномаро мувофиқа кунад.

Дар лоиҳаи қарор гуфта мешавад, филиали ДСРТ дар заминаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Кӯлоб таъсис дода мешавад.

Филиал Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (филиал)-и муассисаи байнидавлатии таълимии маълумоти олии «Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон» номида мешавад.

Зикр мегардад, ки ҷониби Русия масъалаи таъмини маблағгузорӣ ба фаъолияти мактабро дар ҳудуди нақшаи ҳамасола тасдиқмешудаи хароҷот ба уҳда мегирад.

Хароҷоти нигаҳдорӣ ва истифодаи амволи мактаб бо қаламрави гирду атрофи он, аз ҷумла хароҷоти истифодабарӣ ва коммуналӣ, ҳамчунин дигар хароҷоти марбут ба таъмини фаъолияти мактаб ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.