Вақте ба афсона бовар дорӣ: Иқдоми хайрияи Tcell ва Азия-Плюс барои кӯдакон

Санаи 1 июн ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон дар Душанбе иқдоми «Ҳамроҳ мехонем» шурӯъ шуд. Ширкати Tcell дар ҳамдастӣ бо радиои «Азия-Плюс» тӯли ҳафта аз якчанд хонаҳои кӯдакон ва интернатҳои пойтахт боздид намуданд, то ки бо кӯдакони муҳтоҷи суҳбат ва таваҷҷуҳ ба дунёи афсонаҳои нек ғӯтавар шаванд. Аксия аз ҷониби сарояндагони маъруфи тоҷик дастгирӣ […]

Asia-Plus

Санаи 1 июн ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон дар Душанбе иқдоми «Ҳамроҳ мехонем» шурӯъ шуд.

Ширкати Tcell дар ҳамдастӣ бо радиои «Азия-Плюс» тӯли ҳафта аз якчанд хонаҳои кӯдакон ва интернатҳои пойтахт боздид намуданд, то ки бо кӯдакони муҳтоҷи суҳбат ва таваҷҷуҳ ба дунёи афсонаҳои нек ғӯтавар шаванд. Аксия аз ҷониби сарояндагони маъруфи тоҷик дастгирӣ шуд.

Дар доираи баргузории ин аксия як силсила чорабиниҳои «Ҳамроҳ мехонем» доир гардид, ки сарояндагони маъруф ба аёдати кӯдакон омада, бо онҳо ҳамроҳ афсонаву суруд хонданд.

Директори радиои «Азия-Плюс» Манижа Аҳмедова мегӯяд, ҳадаф аз баргузории озмун дар он фиода меёбад, ки кӯдакони ин муассисаҳо худро дар канор ҳис накунанд ва ҳамчунин ҷалби таваҷҷуҳ ба кӯдакони ятим аст, ки ба ғамхорӣ ниёз доранд. Номбурда ба ҳукумати шаҳр барои дастгирӣ миннатдорӣ изҳор намуд.

Дар баргузории аксия Ҷаҳонгир Зарипов, Алишер Ибодуллоев, Зафар Абдуалимов ва Баҳром Ғафурӣ саҳм гирифтанд. Рӯи аввали аксия ҳунармандони театри лӯхтак ба тарбиятгирандагон спектакли «Чӯҷаи заррин»-ро намоиш дода, рӯзҳои дигар аниматорҳои маркази «Мадагаскар» бо чорабиниҳои гуногун табъи кӯдаконро болида гардониданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.