Дар маросими ниҳоии Ҷашнвораи Алмосӣ дар Португалия беш аз 40 ҳазор нафар ҷамъ меоянд

Иттилоияи расмӣ

Волоҳазрат Оғохон  имрӯз ба хотири таҷлили Ҷашнвораи Алмосии худ ва ҷашни 60 соли роҳбарият ҳамчун 49-умин Имоми меросии (Роҳбари руҳонии) ҷомеаи ҷаҳонии Мусулмонони Шиаи Имсоилияи  ба Португалия ташриф овард.

Ин ташриф, ки бо даъвати Ҳукумати Португалия ба ҷо оварда шуд, ба поёнрасии таҷлилу ҷашнҳое, ки аз таърихи 11 июли соли 2017 дар тамоми ҷаҳон қайд карда шудаанд, ифода менамояд – 60 сол аз он рӯзе, ки ӯ дар синни 20-солагӣ ба тахти Имомоти Исмоилия нишаст.

Беш аз 40 000 одам аз ҷомеаи глобалии мусалмонони исмоилӣ ҳафтаи оянда дар Лиссабон барои қайд намудани ин чорабинии махсус ва  ҷашн гирифтани  пайравӣ ва ӯҳдадориҳои Оғохон оиди баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳаёти ҳазорон ҷомеаҳои коҳида, ва инчунин пеш бурдани арзишҳои сулҳ ва гуногунандешӣ,  гирдиҳам меоянд. 

Дар доираи ин чорабиниҳо консертҳои идона бо иштироки иҷрокунандагони дар сатҳи ҷаҳонӣ машҳур ва ҳунармандон аз проекти Ташаббуси Оғохон дар Соҳаи Мусиқӣ; намоишгоҳҳо;  намоиши байналмиллалии истеъдодҳо бо иштироки исмоилиён аз саросари ҷаҳон; нигористони байналмиллалии бадеӣ; фестивали синамо ва якчанд ҷашнвораҳои дигар баргузор мегарданд.

Ҳангоми сафари худ дар Португалия, Оғохон бо роҳбарони гуногуни ҳукуматӣ барои муҳокима намудани ҳамкориҳои ҳозира, ки тавассути Ташкилотҳои Оғохон оиди рушд (АКДН) иҷро шуда истодаанд ва инчунин барои муҳокимаи ҳамкории оянда якчанд мулоқот менамояд. Хусусияти асосии ҷадвали Волоҳазрат ин баромади ӯ дар Парламенти Португалия дар таърихи рӯзи 10 июли соли ҷорӣ  мегардад. Волоҳазрат инчунин бо аъзоёни ҷомеаҳои исмоилиёни Португалия ва ҷомеаҳои исмоилиёни умумиҷаҳонӣ, ки дар давоми ташрифи якҳафтаинаи ӯ дар  ин кишвар гирдиҳам меоянд,  во мехӯрад.

Моҳи июни соли 2015 Имомоти Исмоилия шартномаи таърихан муҳимеро оиди таъсис намудани  Маркази Имомоти Исмоилия дар Португалия имзо намуд. Ин шартнома, ки аз тарафи Парламенти Ҷумҳурии Португалия  якдилона қабул карда шуд, дар асоси якчанд созишҳои қаблӣ бунёд гардидааст ва барои мусоидат намудан ба кори Имомот чорчӯбаи меъёрӣ ва ҳуқуқии лозимаро таъмин менамояд. Ин шартнома ба тақвият ва вусъат додани ҳамкорӣ байни Португалия ва Имомоти Исмоилия оиди беҳтар намудани сифати зиндагии одамон дар Ҷумҳурии Португалия ва  дар дигар кишварҳо саросари ҷаҳон мусоидат менамояд.

Ба монанди дигар расму оинҳо, Ҷашнвораи Алмосӣ солгарду ҷашнҳои муҳимеро қайд менамоянд. Бинобар ин, таҷлили Ҷашнвораи Алмосӣ ҳам эътирофи корҳои Оғохонро дар давоми 60 соли охир ва инчунин имконияти оғоз намудани ташаббусҳои навро ифода менамояд  – ҳам барои ҷомеаи Мусулмонони Исмоилия ва ҳам барои дигар ҷомеаҳое, ки онҷо зиндагӣ мекунанд.

Дар давоми ин соли таҷлили Ҷашнвораи Алмосӣ,  Волоҳазрат ба якчанд кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла ба Уганда, Кения, Танзания, Ҳиндустон, Покистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Иёлотҳои Муттаҳидаи Америка, Канада, Фаронса, бо даъвати ҳукуматҳои ин кишварҳо, ташриф овард. Ҳангоми ташрифи ин кишварҳо Волоҳазрат бо роҳбарони гуногуни Ҳукуматҳо, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо оиди рушд ва дигар агентиҳои шарикони АКДН ва инчунин бо коргарони лоиҳаҳо, ихтиёриён (волонтерон) ва бенефитсиарҳо   мулоқот намуд. Ин мулоқотҳо ва сафарҳо ба Волоҳазрат имконият доданд, ки ташаббусҳои АКДН-ро оиди беҳтар намудани сифати зиндагӣ дар минтақаҳое, ки ба он эҳтиёҷоти зиёдтаре доранд, тақвият ва вусъат диҳад.

Мисоли ташаббусҳо дар доираи Ҷашнвораи Алмосӣ: Боғи Сандер дар Ҳиндустон; Ҷоизаи Гуногунандешии Глобалии  аз тарафи Маркази Глобалӣ барои гуногунандешӣ – ба шахсоне дода мешавад, ки ба роҳҳои нави навоварона ва пурсамари бунёди ҷомеаҳое, ки онҷо гуногуншаклии фикру андешаҳо эҳтиром ва қадр карда мешавад, мусоидат менамоянд; Маркази навовариҳо дар  илми тиб (CIME), муассисаи ҳозиразамон барои омӯзиш бо истифодаи технологияҳои гуногун барои кормандони тиббӣ дар шаҳри Карачии Покистон. Ба наздикӣ Маркази Оғохон дар Маҳаллаи Дониш, дар ш. Лондон, кушода шуд. Ин Марказ, дар якҷоягӣ бо муассисаҳои худ боз ҳамчун маркази дониш хизмат менамояд ва пулҳои ҳамдигарфаҳмиро байни фарҳанги мусулмонӣ ва ҷомеаҳо барпо менамояд. Хусусияти хоси таҷлили солҳои ҷашнӣ дар он аст, ки барои аъзоёни ҷомеаи глобалӣ имконияти изҳор намудани миннатдории худ ба Волоҳазрат барои роҳбарияти ӯ медиҳад.

Ташрифи Оғохон ба Португалия боз як марҳалаи муҳим дар муносибатҳои мустаҳками чандасрина байни Имомоти Исмоилия ва Ҷумҳурии Португалия мебошад. Ин ҳамкориро тавсиф намуда, Президенти Португалия, Де Сауса ҳангоми ташрифи Волоҳазрат  дар соли 2016, қайд намуд:

“Он чизе, ки моро ба ҳам наздик менамояд, ин ӯҳдадории муштараки мо оиди ҳифз ва татбиқ намудани принсипҳо ва арзишҳое, ки аҳамияти ахлоқу одобии ҳаёти инсонро, гуногунандешагии ҷомеаҳоро қадр мекунанд ва қадру қимати инсонро эҳтиром менамоянд”.

“Арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандии шумо ҳамон арзишҳое ҳастанд, ки мо ҳифз менамоем”, гуфт дар ҷавоб Волоҳазрат. “Бинобар ин, мо дар корҳои иҷрокарда истодаи худ монандии зиёд дорем, натанҳо дар инҷо, дар Аврупо, балки инчунин дар Африка, Осиё ва дар дигар кишварҳои ҷаҳон”.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...