Бахшиши гуноҳи корманди БДА Кӯлоб, ки аз сайёҳони хориҷӣ пул талаб карда буд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нисбати корманди Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Саидшо Шарипов, ки аз сайёҳи Руминия пул тамаъ карда буд,  аввали моҳи июн мутобиқи моддаи 314 (суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки бо назардошти аз сафҳои милитсия хориҷ шудани ӯ ва ҳамчунин иқрори софдилонааш ба гуноҳ, парванда қатъ шуд.

“Ғайр аз ин, мақомоти тафтишот онро ҳам ба назар гирифт, ки ӯ саробон ва тарбияткунандаи дӯ кӯдаки ноболиғ аст. Аз ин рӯ, гуноҳи ӯро бахшиданд”, – гуфт ӯ.

Номбурда ба рӯзноманигорон итминон дод, ки Шарипов минбаъд ҳеҷ гоҳ дар сохторҳои давлатӣ, бахусус дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ кор карда наметавонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...