Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар ҷойи нав

Аваз Юлдошев

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 сентябр дар маросими гузоштани муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар назди бинои таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон иштирок мекунад.

Дар робита ба оғози корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингард ба самти дарвозаҳои ғарбии Душанбе баҳори соли равон, тасмим гирифта шуд, ки  муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 1984 дар маҳаллаи Қарияи Боло қомат афрохта буд, ба ҷойи дигар кӯчонида шавад. Дар ҷойи муҷассама гузаргоҳи зеризаминӣ сохта мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, пас аз анҷоми маросим Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дарси сулҳ мегузаронад, ки ба он намояндагони ҳамаи мактабҳои олии пойтахт даъват шудаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, соли хониши 2018-2019 ҳудуди 240 ҳазор нафар кӯдакони ҷумҳурӣ бори аввал пой ба остонаи мактаб мегузоранд. Соли гузашта ин рақам 235 ҳазор нафарро ташкил медод.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3870 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, 1 млн. 906 ҳазор нафар дар онҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...