Натиҷагирӣ аз озмуни “Бонуи соҳибкори сол – ҷоизаи Фараҳ-2018”

Asia-Plus

Дар меҳмонхонаи Hayatt Regency маросими тантанавии натиҷагирӣ аз озмуни умумиҷумҳуриявии “Бонуи соҳибкори сол – ҷоизаи Фараҳ-2018” баргузор шуд.

Ин озмун аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) бо дастгирии USAID ва ҳукумати ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Дар 6 номинатсия инҳо ғолиб дониста шуданд:

 – Лутфия Мамадкаримова – роҳбари коргоҳи истеҳсоли маснӯоти қаннодӣ (Хоруғ, номинатсияи “бахши истеҳолот”);

– Зулайхо Тиллоева – роҳбари хоҷагии деҳқонии «Зулайхо-2015» (ноҳияи Ёвон, соҳаи кишоварзӣ);

– Раъно Маҳмудова – мудири коргоҳи дӯзандагӣ (Исфара, бахши хизматрасонӣ);

– Каромат Ашӯрматова – роҳбари коргоҳи косибӣ (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соҳаи ҳунарҳои мардумӣ);

– Умеда Гадойбоева  – роҳбари маркази таълимии “Аркон” (шаҳри Хуҷанд, бахши хизматрасонии тиббӣ ва маърифатӣ);

– Мавҷуда Ҷумъаева – роҳбари коргоҳи дӯзандагӣ аз ноҳияи Шаҳритӯс (стартап).

Ба мукофоти асосии озмун – шоҳҷоиза ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ роҳбари хоҷагии деҳқонии “Зулайхо-2015” Зулайхо Тиллоева сазовор дониста шуд.

Ҳамаи 34 нафар иштирокчиёни озмун аз ҷониби шарикони озмун – ширкатҳои Tcell, БАТР, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, фонди қарзии хурди  «Имон Интернешнл», ТҚҲ «Арванд», ТҚХ «Ҳумо», ширкатҳои «Озар» ва «Қолинҳои Қайроққум», бонки «Эсхата» ва дигарон  бо туҳфаҳои арзишманд (яхдон, телевизор қолин, телефонҳои мобилӣ, оташдонҳои барқӣ ва ғайра) сарфароз гардонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки озмуни “Бонуи соҳибкори сол – ҷоизаи Фараҳ-2018” дар Тоҷикистон аз соли 2012 (1 маротиба дар 2 сол) гузаронида мешавад ва ин чорумин чорабинӣ ба ин муносибат аст. Озмуни имсола моҳи март эълон шуда, ба он 403 дархост ворид шуд. Ба давраи аввал 94 нафар иштирокчиён ва ба давраи ниманиҳоӣ 34 нафар занон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ роҳ ёфтанд.

Шарикони Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дар баргузории озмун: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ, USAID, ТҚХ «Имон Интернешнл», БОР, IT-ширкати «Дурандеш», газетаи «Боҷу хироҷ», «Қолинҳои Қайроққум», радиои «Шаҳри ман»,  радиои «Пайванд». Шарики генералии тадорукотии озмун – ширкати Тcell ва шарики генералии иттилоотӣ – гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.