«Одамон ҳатто шабона занг зада, савол медиҳанд»: ҳуқуқшиносони тоҷик дар ноҳияҳои дурдаст чӣ гуна кор мекунанд

Се сол пеш дар Тоҷикистон Консепсияи расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ қабул шуд, ки дар яке аз бандҳояш таъсиси дафтарҳои кории давлатии доимо амалкунандаи ҳуқуқӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар пешбинӣ шудааст. Онҳо таъсис ёфта, фаъолият доранд. Мо ба ноҳияи Восеъ рафтем, ки то ки аз чӣ гуна кор кардани ҳуқуқшиноси ройгон Қурбон Ситамов дар Дафтари кории […]

Asia-Plus

Се сол пеш дар Тоҷикистон Консепсияи расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ қабул шуд, ки дар яке аз бандҳояш таъсиси дафтарҳои кории давлатии доимо амалкунандаи ҳуқуқӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар пешбинӣ шудааст. Онҳо таъсис ёфта, фаъолият доранд.

Мо ба ноҳияи Восеъ рафтем, ки то ки аз чӣ гуна кор кардани ҳуқуқшиноси ройгон Қурбон Ситамов дар Дафтари кории давлатии ҳуқуқӣ воқиф шавем.

Дар ҳуҷраи кории назарногири Қурбон Ситамов, ки дар як бино бо дафтари кории пулакӣ ҷойгир аст, навбатпойӣ нест. Дар ҳуҷраи кории ҳамсоя бошад, мардум хеле зиёданд: ҳуқуқшиносӣ дар ноҳияи Восеъ касби серталаб асту мутахассисони мустақил пули хуб кор мекунанд.

Қурбон Ситамов нороҳат намешавад: ҳарчанд аксари ҳамдиёронаш аз пул танқисӣ дошта бошанд ҳам, пулҳои охиринашонро барои хизматрасонии пулакӣ дареғ намедоранд, дар ҳоле ки дар паҳлӯ ӯ – ҳуқуқшиноси комилан ройгон нишастааст! Қурбон дар ин фикр аст, ки одамон ҳоло одат накардаанд, ки давлат ба онҳо комилан бепул ва хушсифат кумак мекунад, лекин умедвор аст, ки бо кори худ вазъро тағйир хоҳад дод.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мизоҷон барои ӯ кофианд.

– Дар як моҳ ба ҳисоби миёна 60 нафарро қабул мекунам, ин рақам ду барорбар аз нишондиҳандаест, ки мо пешбинӣ карда будем. Ва ин ҳам ҳоло бе ҳисоби машваратҳо тариқи телефон: одамон ҳатто шабона занг зада, савол медиҳанд, – мегӯяд Ситамов.

Ба ҷуз кумаки ҳуқуқӣ, ӯ аксар вақт ба сифати равоншинос барои мизоҷони худ кор мекунад. Баъзан одамон як ҳамсуҳбате надоранд ва дарду алами худро ба Ситамов мегӯянд, назди ӯ даромада, дигар рафтанӣ намешаванд.

Мушкилоти асосии мизоҷони деҳот аксар вақт низоъҳои оилавӣ аст. Одамон ба ҳуқуқшинос бо мушкилоти фарзандхондӣ, муайян кардани падарӣ муроҷиат мекунанд, чунки кӯдак дар никоҳи ғайрирасмӣ таваллуд шудааст, ки падидаи хеле зиёд дар дехот мебошад. Занҳои ҷудошуда меоянд, ки аз шавҳаронашон барои кӯдакон алимент гирифтанианд; ҳамсарони собиқ аксар вакт ба воситаи суд амволашонро тақсим мекунанд. 

– Боре як зани аз шавҳараш ҷудошуда омад, ки манзилашро аз оилаи собиқ шавҳараш гирифтанӣ буд. Хонаи онҳо дар як қитъа бо пайвандони ҳамсараш ҷойгир аст.  Вақте шавҳараш аз олам даргузашт, бародарони ӯ ҳамсарашро бо кӯдакон аз хона пеш карданд. Зан ба суд шикоят бурда, ин ҷо маълум шуд, ки қаламрави хонаи зан ғайриқонунист, он дар ҳуҷҷатҳои қитъаи замин вуҷуд надорад. Тасмим гирифтанд, ки ин қитъаи заминро ба номи зан ба расмият дароранд. Ӯ ба судҳо муроҷиат намуда, лекин боз як мушкилоти дигар пайдо шуд – ин қитъаи замин дар нақшаи генералии ноҳия барои сохтмони роҳ таъин шудааст. Яъне хона худсарона сохта шудааст. Мо ба мақомоти гуногун муроҷиат намудем, вале натиҷае ҳосил нашуд. Чанд рӯз пеш намояндаи маъмурияти ноҳия назди ман омада, созиш ҳосил кардем, ки қитъаи замин муваққатан ба зан дода шавад.

Ба сокини маҳаллӣ Робия Шайхинурова баъди 10 соли даводавиҳо ва мурофиаҳои судии бенатиҷа Қурбон дар баргардонидани қитъаи замини гирифташуда кумак кард.

– Ӯ маро дар лаҳзаҳои душвор дастгирӣ кард, вақте ман дар вартаи ноумедӣ қарор дошта, ба худкушӣ омода будам. Дар суҳбат бо ӯ ман тасалло ёфтам, ҳис кардам, ки яккаву танҳо нестам, – ҳикоят мекунад зан.

Чунин мизоҷони минннатпазир аз Қурбон Ситамов зиёданд, зеро ӯ эътироф мекунад, ки вақте ки одамон ба назди ӯ меоянд, ӯ як муддате худро ба ҷойи онҳо мегузорад.

Дафтари кориии давлатии ҳуқуқӣ муддати 1,5 сол аст, ки дар Восеъ фаъолият дошта, дар ин муддат наздики ҳазор нафар ба он муроҷиат кардаанд. Ҳуқуқшинос Қурбон Ситамов қариб ба тамоми он корҳое, ки мутахассисони мустақил сарукор доранд, машғул аст. Танҳо комилан ройгон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.