“Барои эҳтиёт мехарам!”: Навбатпойӣ назди дафтарҳои кории ширкатҳои мобилӣ

Пас аз ирсоли паёмак-огоҳӣ дар бораи аз 1 сентябр 250 сомониро ташкил додани нархи симкорт ва қайди дубораи он аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ, назди дафтарҳои корӣ ва филиалҳои ин ширкатҳо навбатпойиҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд. Нилуфар Икромова, сокини пойтахт мегӯяд, аз соати 9-и субҳ аллакай навбатпойӣ зиёд буда, ӯ барои хоҳаронаш аз ширкатҳои Мегафон ва […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Пас аз ирсоли паёмак-огоҳӣ дар бораи аз 1 сентябр 250 сомониро ташкил додани нархи симкорт ва қайди дубораи он аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ, назди дафтарҳои корӣ ва филиалҳои ин ширкатҳо навбатпойиҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд.

Нилуфар Икромова, сокини пойтахт мегӯяд, аз соати 9-и субҳ аллакай навбатпойӣ зиёд буда, ӯ барои хоҳаронаш аз ширкатҳои Мегафон ва Tcell боз яктогӣ симкортҳо барои эҳтиёт хариданист, зеро баъдан нархи он хеле зиёд – 250 сомонӣ мешавад.

Гурӯҳи дигар барои дубора ба қайд гузоштани симкортҳо ба номи худ ё ба номи каси дигар омадаанд. Дилшод Шокиров мегӯяд, аллакай 1 соат аст навбат мепояд, то ки симкортро  аз номи модараш ба номи худ дубора ба қайд гирад.

Сокини 54-солаи ноҳияи Шоҳмансур Шарофат Ширинова бошад, изҳор медорад, ки барои фаҳмидани асли воқеа омадааст, зеро аз ширкат паёмак-огоҳинома гирифтааст, ки ба номаш се симкорт дорад ва акнун намедонад, ки чӣ кор кунад.

Арзиши нави симкортҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ низ баррасӣ мешавад. Меҳмони пойтахт аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фотимахола аз симкортҳои Қирғизистон ситоиш намуда, қайд кард, ки “мо кайҳост, ки аз симкортҳои қирғизӣ истифода мекунем, дар муқоиса бо мо, хизматрасонии онҳо қариб бепул меафтад”.

Масъалаи истифодаи симкортҳои Қирғизистон нав нест. Қаблан зикр гардида буд, ки то 15 ҳазор нафар сокинони минтақаҳои наздимарзӣ бо Қирғизистон аз хизматрасонии операторони Қирғизистон истифода мекунанд, зеро алоқаааш хубу арзонтар аст.

Тибқи қарори қаьблан қабулшудаи ҳукумат, дар Тоҷикистон ба як муштарӣ харидории ду симкорт ва ҳамчунин яктогӣ барои ҳар кадоме аз фарзанди ноболиғ дар оила иҷоза дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон чор ширкати мобилӣ – Babilon-Mobile, Tcell, Megafon-Tajikistan, Beeline нисбатан фаъол мебошанд. Соли гузашта 6,1 млн. адад симкортҳо дубора бақайд гирифта шуданд. Як ширкати мобилӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 300 ҳазор симкорт мефурӯшад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.