Омӯзиши масъалаи ифтитоҳи гузаргоҳҳои нав дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

Мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба омӯзиши масъалаи ифтитоҳи гузаргоҳҳои нав дар сарҳади байни кишварҳо оғоз карданд. Ташаббуси ифтитоҳи гузаргоҳҳои нав дар сарҳади кишварҳо зимни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон рӯзҳои 17-18 августи соли равон ва дидору гуфтушуниди ӯ бо Сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев садо дод. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба омӯзиши масъалаи ифтитоҳи гузаргоҳҳои нав дар сарҳади байни кишварҳо оғоз карданд.

Ташаббуси ифтитоҳи гузаргоҳҳои нав дар сарҳади кишварҳо зимни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон рӯзҳои 17-18 августи соли равон ва дидору гуфтушуниди ӯ бо Сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев садо дод.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, тибқи маълумоти пешакӣ, ояндаи наздик байни сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 3 то 15 гузаргоҳҳои нав боз мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки гузаргоҳҳои нав мақоми байнулмилалӣ нахоҳанд дошт ва алҳол дар бораи ҷойҳои мушаххаси боз шудани онҳо сухан гуфтан барвақт аст.

Дар ҳукумати Тоҷикистон бар ин назаранд, ки ифтитоҳи гузаргоҳҳои нав ба рушди ҳарчи бештар устувори муносибатҳои дӯстона байни аҳолии минтақаи наздимарзӣ мусоидат менамояд.

Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.

Аксари гузаргоҳҳо нимаи солҳои 2000-ум дар натиҷаи ба сардӣ гароидани муносибатҳои дуҷониба баста шуда, то аввали соли равон танҳо дутоаш – яке дар самти Турсунзода – Сариосиё ва дигаре дар самти Бӯстон – Бекобод фаъолият мекарданд.

Моҳи марти соли ҷорӣ пеш аз сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳамаи 16 гузаргоҳҳои сарҳадии байни давлатҳо пурра ба фаъолият оғоз намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио