Адвокат Шуҳрат Қудратов аз зиндон озод шуд

Адвокати маъруфи тоҷик Шуҳрат Қудратов аз зиндон озод шуд. Ӯ муддати чор сол дар муассисаи ислоҳии №3/4-и шаҳри Душанбе адои ҷазо намуд. Тавре ба “Азия-Плюс” пайвандони адвокат хабар доданд, ӯ чанд соат пеш ба озодӣ баромада, дар хонааш бо аҳли оила қарор дорад. “Шуҳрат худро хуб ҳис мекунад, вале ҳоло хоҳиши суҳбат кардан бо журналистонро […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Адвокати маъруфи тоҷик Шуҳрат Қудратов аз зиндон озод шуд. Ӯ муддати чор сол дар муассисаи ислоҳии №3/4-и шаҳри Душанбе адои ҷазо намуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” пайвандони адвокат хабар доданд, ӯ чанд соат пеш ба озодӣ баромада, дар хонааш бо аҳли оила қарор дорад.

“Шуҳрат худро хуб ҳис мекунад, вале ҳоло хоҳиши суҳбат кардан бо журналистонро надорад”, – гуфт яке аз пайвандони ӯ.

Шуҳрат Қудратов 13 январи соли 2015 ба иттиҳоми порагирӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуда, баъдан 3 марти соли 2015 Суди олӣ муҳлати ҷазои ӯро ба 5 солу 4 моҳ кам карда, ҷазони ниҳоӣ 3,8 соли зиндон ва пардохти ҷарима дар ҳаҷми 87,6 ҳазор сомонӣ муқаррар шуд.

Шуҳрат Қудратов яке аз се адвокатҳои собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов мебошад. Аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ рӯзи 21 июли соли 2014 дар Душанбе боздошт шуда буд.

Ӯро ба он гунаҳкор медонистанд, ки аз зерҳимояи худ Амиралӣ Сумалаев 2 ҳазор доллар барои судя талаб кардааст, то ки парванда қатъ шавад. Худи Қудратов изҳор дошта буд, ки пулҳоро ӯ мебоист ба ҷабрдида – роҳбари ширкати “Пайванд” Парвиз Бадалов медод, то ки муноқиша мусолиҳаомез ҳал шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.