Дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Туркманистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафари корӣ ба Туркманистон раҳсипор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар доираи Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал, такмили […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафари корӣ ба Туркманистон раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард.

Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар доираи Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал, такмили кори сохтори ташкилӣ, асосҳои шартномавию ҳуқуқии Хазина, баррасӣ шуда, таҳкими ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявӣ ва донорҳо, ба хотири ҳалли мушкилоти минтақавӣ зарур шумурда шуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо аз раванди муколамаи доимии сатҳи олӣ ва вазъи муносибатҳои ду кишвар, ки ба таври назаррас рушд меёбад, изҳори қаноатмандӣ карданд.  

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноати сабук ва коркарди маҳсулот, бахши кишоварзию саноат, тиҷоратию иқтисодӣ, алоқаи ҳавоӣ, рушди равобити илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ, ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар охир изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории дуҷонибаи бар асоси анъанаҳои накуи дӯстӣ ва бародарӣ асосёфта, дар оянда низ ба манфиати мардумон рушд меёбад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.