Шералӣ Ҷӯраев бо унвони “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд

Asia-Plus

Имрӯз дар арафаи таҷлили ҷашни умумимиллӣ – 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари фаъолони ҷумҳурӣ, як гуруҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ӯзбекистони ҳамсояро бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Сарвари давлат, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2018 шахсони мазкур, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, робитаҳои фарҳангию башардӯстона, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи самарабахши байни ду кишвар ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек саҳми босазо гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатии   Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Абдулло  Орипов – Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Абдулазиз Комилов – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи II сарфароз шуданд.

Шавкат Ҳамроев – Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо ордени “Шараф” дараҷаи I, Зокирҷон Алматов – мушовири Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Абдуваҳҳоб Воҳидов – раиси маркази фарҳанги миллии тоҷики вилояти Самарқанд, Исмоил Ҷурабеков – мушовири Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Тухтамиш Тухтаев – мудири шуъбаи рӯзномаи “Овози тоҷик” ва Таваккал Чориев – профессори кафедраи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бухоро, бо Ордени “Дӯстӣ” қадршиносӣ гардиданд.

Барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ бошад, Шералӣ Ҷураев – ҳофизи муассисаи давлатии “Узбекконсерт” ва Мавлуда Халилова – ходими калони илмии шуъбаи “Устод – шогирд мактабӣ»-и Маркази миллии ӯзбекии санъати мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон”сарфароз гардиданд.

Боиси таъкид аст, ки соли 2018 барои халқҳои бо ҳам  бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соли воқеан таърихӣ гардид. Ба шарофати азму иродаи қавии роҳбарони ҳар ду давлат  тамоми маҷмӯи масъалаву мушкилоте, ки дар муддати зиёда аз ду даҳсола дар байни давлатҳои мо ба вуҷуд омада буданд, ҳаллу фасл шуданд.  

Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавонистанд ормонҳои чандинсолаи мардуми тоҷику узбекро амалӣ созанд.

Имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳам на танҳо дӯст,  балки шарики стратегӣ мебошанд ва ҳамкории ду кишвар ба дурнамои дарозмуҳлат нигаронда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...