Медали сеюми дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё

Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов медали сеюми Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиё-2018 сазовор шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, субҳи имрӯз – 30 август дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар Палембанги Индонезия мусобиқа оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор шуд. Варзишгари маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов дар масофаи 1000 метр бо байдаркаи якнафара […]

Asia-Plus

Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов медали сеюми Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиё-2018 сазовор шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, субҳи имрӯз – 30 август дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар Палембанги Индонезия мусобиқа оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор шуд.

Варзишгари маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов дар масофаи 1000 метр бо байдаркаи якнафара медали нуқраи бозиҳоро ба даст овард. Дар мусобиқа 8 варзишгар иштирок карданд. Шаҳриёр бо натиҷаи 4:05.950 дуюм шуда ба марра расид. Ҷои аввалро варзишгари ботаҷрибаи узбекистонӣ Вадим Немков бо натиҷаи 4:05.224 ишғол кард. Медали биринҷӣ бо натиҷаи 4:06.434 насиби варзишгари эронӣ Муҳаммад Набӣ Ризоӣ шуд.

Дар финали қуввазмоӣ дар масофаи 500 метр бо каноэи чорнафара тими Тоҷикистон миёни 9 даста ҳаштум шуд. Дар ин ришта се ҷои аввалро Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон ишғол намуданд.

Ин сеюм медали нуқраи Тоҷикистон дар 18-ум Бозиҳои Осиё мебошад, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён дорад. 26 август қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров дар қувваозмоии гурзандозӣ ва 29 август Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -81 кг-и гуштини кураш сазовори медали нуқра гардида буданд.

Варзишгарони мо имрӯз, ҳамчунин дар намудҳои дзюдо (Шоҳида Қаландарова, вазни -57кг, Беҳрӯз Хоҷазода, вазни -73кг, Акмал Муродов, вазни -81кг) ва қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (С-2, 1000 метр) иштирок мекунанд, ки барояшон муваффақият мехоҳем.

Дар ҷадвали ҳисоби медалҳои Бозиҳои Осиё-2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо се медали нуқра миёни 37 давлате, ки медал ба даст овардаанд, ба ҷои 30-юм баромад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.