Президент қарори 250 сомонӣ муқаррар кардани нархи симкортҳоро бекор кард

Asia-Plus

Дар ҷаласаи навбатии ҳукумат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки то 250 сомонӣ боло бурдани нархи симкортҳои телефони мобилиро дар ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2019 мавқуф гузоранд.

“Дар маҷлиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи вазъ атрофи болоравии нархи симкортҳо миёни ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дастур дод, ки амалишавии қарори аз 1 сентябри соли равон боло бурдани нархи симкортҳо мавқуф гузошта шавад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарифзода.

Ӯ қайд кард, ки дар ин робита Сарвари давлат ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент дастур дод, ки масъалаҳои арзиши симкортҳо, истифодаи як симкорт аз ҷониби як нафар ва манъи фурӯши кортҳо ба кӯдакони синни то 14-сола мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон симкортҳо барои кӯдакони ноболиғро волидон метавонанд ба номи худ ё бо шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ба расмият дароранд. Шояд варианти охир бекор карда шавад.

“Баъди омӯзиши дақиқи ин масъалаҳо қарори дахлдор қабул мешавад. Масъалаҳои танзим дар ин соҳа минбаъд танҳо бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ ҳал карда мешаванд, яъне танҳо ҳукумат метавонад доир ба ин масъалаҳо қарори ниҳоӣ қабул намояд”, – зикр кард котиби матбуотии президент.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, тариф барои иҷрои протоколи ҷаласаи муштараки ВКД, КДАМ, Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилии «Тcell», «ТТ-Мобайл», «Вавилон-Мобайл» ва «Таком» аз 8 августи соли 2018 ва қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2018 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ» мувофиқи моддаи 22 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи рақобат” ва қисми 12 Оинномаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ муқаррар шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...