Ҳаҷми фарқи воридоту содироти Тоҷикистон – қариб 1,4 млрд. доллар

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Касри (камбуди) тавозуни савдои Тоҷикистон ба 1,4 млрд. доллар наздик мешавад: тайи 8 моҳи соли равон ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 2,1 млрд. доллар молу маҳсулот ворид намуда, ҳаҷми содирот бошад, ҳамагӣ наздики 713 млн. долларро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии оморои назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-августи соли 2018 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон наздики 2 млрд. 820 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,4% ё худ 458 млн. доллар зиёдтар аст.

Тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содирот аз ҷумҳурӣ наздики 713 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли гузашта 17% ё худ 103 млн. доллар бештар аст.

Беш аз нисфи ҳаҷми умумии содиротро маҳсулоти минералӣ, 22,1% – металлҳои арзонбаҳо ва маснӯот аз он, 21%-ро маҳсулоти дӯзандагӣ ташкил медиҳад.

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ воридот ба маблағи беш аз 2 млрд. 107 млн. доллар сурат гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 20% ё худ 355 млн. доллар зиёдтар мебошад.

Ҳиссаи нисбатан зиёдтарро дар воридот воситаҳои нақлиёт, мошинҳо ва таҷҳизот (23,2%) ва маҳсулоти минералӣ (18,5%) ишғол мекунанд.

Ҳамин тариқ, тавозуни савдо манфӣ ташаккул ёфта, наздики 1 млрд. 395 млн. долларро ташкил дод. Ҳамин давраи соли гузашта касри тавозуни савдо ба ҳудуди 1,1 млрд . доллар баробар шуда буд.

Нишондиҳандаи рӯйпӯш кардани воридот бо содирот дар моҳҳои январ-августи соли равон 34%-ро ташкил дод. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 36% расида буд, яъне таносуби содирот ба воридот 2% поин рафт.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия буда, тайи 8 моҳ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия 651 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи гузашта қариб 10% зиёдтар аст.

Дар ин давра Тоҷикистон бо Қазоқистон – ба маблағи беш аз 553 млн., Чин – 433 млн., Туркия – 268 млн. ва Ӯзбекистон – ба 192 млн. доллар муомилоти молӣ анҷом додааст.

Қобили зикр аст, ки коҳиши ҳаҷми муомилоти мол бо Эрон идома дорад: тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Эрон каме бештар аз 70 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳаҷми моҳҳои январ-августи соли 2017 ба миқдори 34% камтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...