USAID ба хонандагони синфҳои ибтидоии Тоҷикистон 140 ҳазор нусха китоб тақдим кард

Иттилоияи расмӣ

Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт ҳамроҳии ҷонишини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, мақомоти маҳаллӣ, намояндагони расмии соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон дар маросими ифтитоҳи маъракаи густурдаи тақдими китоб, ки як қисми барномаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналилалӣ (USAID) ба саводомӯзӣ дар синфҳои ибтидоӣ мебошад, иштирок кард.

Ҳукумати ИМА тавассути USAID зиёда аз 140,000 китобро барои хонандагони синфҳои  1 то 4, ба бештар аз 1000 муассисаи таълимии давлатии таълимашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар сартосари Тоҷикистон тақдим хоҳад кард.

Ин марҳилаи дуюми тақдими китобҳо аз ҷониби USAID дар соли 2018 мебошад.  Ба наздикӣ бештар аз 7200 китоб ба кӯдаконе, ки дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи кишвар дар озмуни “Хонандаи беҳтарин” иштирок намуданд, тақдим гардид.

Дар давоми моҳи ҷорӣ, ба муассисаҳои таълимии зерҳадаф бастаи иборат аз 40 номгӯйи китобҳои ба синну сол мувофиқ ба забонҳои тоҷикию русӣ супорида мешавад, ки ин ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва китобдорони омӯзонидашуда барои тақвияти малакаҳои хониш хонандагон дар мактаб ва чорабиниҳои беруназсинфӣ, инчунин барои ҳавасманд гардонидани падарону модарон ба хониши китоб ҳамроҳи фарзандонашон кӯмак хоҳад кард. 

USAID дастгирии худро дар таҳия ва эҷоди маводҳои нави хониш барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ, барои зиёд намудани дастрасии омӯзгорон, хонандагон, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа ба китобҳои ба синну сол мувофиқ ва бо мақсади бунёди заминаи мустаҳкам барои омӯзиши ояндаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ, инчунин густариши фарҳанги китобхонӣ дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.

USAID ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни интихоб, таҳия ва дастрасии китобҳо бо ҳам ҳамкории наздик доранд.  Ҳамаи китобҳои тақдимгардида аз ҷониби вазорат тасдиқ карда шудаанд.  Лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакиест, ки мардуми Амрико тавассути USAID амалӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.