USAID ба хонандагони синфҳои ибтидоии Тоҷикистон 140 ҳазор нусха китоб тақдим кард

Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт ҳамроҳии ҷонишини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, мақомоти маҳаллӣ, намояндагони расмии соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон дар маросими ифтитоҳи маъракаи густурдаи тақдими китоб, ки як қисми барномаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналилалӣ (USAID) ба саводомӯзӣ дар синфҳои ибтидоӣ мебошад, иштирок кард. Ҳукумати ИМА тавассути USAID зиёда аз […]

Иттилоияи расмӣ

Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт ҳамроҳии ҷонишини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, мақомоти маҳаллӣ, намояндагони расмии соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон дар маросими ифтитоҳи маъракаи густурдаи тақдими китоб, ки як қисми барномаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналилалӣ (USAID) ба саводомӯзӣ дар синфҳои ибтидоӣ мебошад, иштирок кард.

Ҳукумати ИМА тавассути USAID зиёда аз 140,000 китобро барои хонандагони синфҳои  1 то 4, ба бештар аз 1000 муассисаи таълимии давлатии таълимашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар сартосари Тоҷикистон тақдим хоҳад кард.

Ин марҳилаи дуюми тақдими китобҳо аз ҷониби USAID дар соли 2018 мебошад.  Ба наздикӣ бештар аз 7200 китоб ба кӯдаконе, ки дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи кишвар дар озмуни “Хонандаи беҳтарин” иштирок намуданд, тақдим гардид.

Дар давоми моҳи ҷорӣ, ба муассисаҳои таълимии зерҳадаф бастаи иборат аз 40 номгӯйи китобҳои ба синну сол мувофиқ ба забонҳои тоҷикию русӣ супорида мешавад, ки ин ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва китобдорони омӯзонидашуда барои тақвияти малакаҳои хониш хонандагон дар мактаб ва чорабиниҳои беруназсинфӣ, инчунин барои ҳавасманд гардонидани падарону модарон ба хониши китоб ҳамроҳи фарзандонашон кӯмак хоҳад кард. 

USAID дастгирии худро дар таҳия ва эҷоди маводҳои нави хониш барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ, барои зиёд намудани дастрасии омӯзгорон, хонандагон, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа ба китобҳои ба синну сол мувофиқ ва бо мақсади бунёди заминаи мустаҳкам барои омӯзиши ояндаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ, инчунин густариши фарҳанги китобхонӣ дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.

USAID ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни интихоб, таҳия ва дастрасии китобҳо бо ҳам ҳамкории наздик доранд.  Ҳамаи китобҳои тақдимгардида аз ҷониби вазорат тасдиқ карда шудаанд.  Лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакиест, ки мардуми Амрико тавассути USAID амалӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.