Сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон ҳатто бо кишварҳои сатҳи даромадашон паст намерасад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Барои ба сафи давлатҳои сатҳи даромадашон паст аз рӯи ММД ба ҳар сари аҳолӣ шомил кардани Тоҷикистон 38 сол зарур аст.

Мувофиқи пешгӯиҳои Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба Тоҷикистон барои расидан ба сатҳи кишварҳои сатҳи даромадашон паст аз рӯи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ 38 сол лозим аст. Айни замон ҷумҳурӣ ҳоло паст аз ин сатҳ қарор дорад.

Дар гузориши таҳлилии таҳиянамудаи Хазина “Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ: Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” қайд мешавад, ки соли гузашта ҳаҷми ММД Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 801 долларро ташкил додааст.

Маллифони гузориш пешгӯӣ мекунанд, ки афзоиши миёнаи солонаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ давоми солҳои 2010-2023 дар Тоҷикистон 2,9%-ро ташкил хоҳад дод.

Нишондиҳандаи ҳадди даромади паст тибқи методологияи ХБА, ба 2 370 доллар ба ҳар сари аҳолӣ баробар аст.

Зинаи охир дар минтақа

Бино ба маълумоти ХБА, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дорои нишондиҳандаи пасттарин буд.

Сатҳи бештар баланди ММД нисбат ба ҳар сари аҳолӣ дар Қазоқистон – 8 762 доллар ба қайд гирифта шудааст.

Ин нишондиҳанда дар Туркманистон – 6 643; Озарбойҷон – 4 141; Гурҷистон – 4 086; Арманистон – 3 857, Ӯзбекистон – 1 520 ва Қирғизистон – 1 208 долларро ташкил медиҳад.

ММД ва аҳолӣ

Соли 2017 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба 61 млрд. 93 млн. 600 ҳазор сомонӣ (беш аз 6,9 млрд. доллар бо қурби охири соли гузашта) баробар шуд. Афзоиши солонаи ММД тайи 8 соли охир ба ҳисоби миёна 6,9%-ро ташкил дод. Аз рӯи натиҷаҳои соли равон ҳукумат аз афзоиши ҳаҷми ММД дар сатҳи 7% интизорӣ дорад.

Аввали соли равон шумори аҳолии кишвар ба 8 млн. 931 ҳазор нафар расида, имрӯз беш аз 9 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумаоти расмӣ, шурӯъ аз соли 1998 афзоиши шумори солонаи аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна каме бештар аз 2%-ро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.