Ошӯб дар зиндони Хуҷанд: 13 маҳбус кушта, 6 корманди милитсия захмӣ, манбаъҳо

Бар асари ошӯб дар муассисаи ислоҳии №3/3 дар Хуҷанд тибқи маълумоти гуногун, аз 13 то 20 нафар маҳбусон кушта шудаанд. Ошӯб шоми рӯзи 7 июн рух дода, аз ҷониби нерӯҳои таъиноти махсуси милитсия пахш карда шуд. Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба як манбаъ дар сохторҳои қудратии вилояти Суғд дар бораи 13 нафар кушташуда дар […]

Бар асари ошӯб дар муассисаи ислоҳии №3/3 дар Хуҷанд тибқи маълумоти гуногун, аз 13 то 20 нафар маҳбусон кушта шудаанд. Ошӯб шоми рӯзи 7 июн рух дода, аз ҷониби нерӯҳои таъиноти махсуси милитсия пахш карда шуд.

Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба як манбаъ дар сохторҳои қудратии вилояти Суғд дар бораи 13 нафар кушташуда дар ин ошӯб иттилоъ медиҳад.

Ҳамсуҳбати хабаргузорӣ гуфтааст, яке аз маҳбусон, узви “Давлати исломӣ” ба силоҳи посбон (автомат) соҳиб шуда, ба тирпарронӣ сӯи нозирогну посбонон шурӯъ намудааст ва маҳбусон яке аз биноҳо (корпус)-и муассисаро тасарруф кардаанд. Аммо исён аз ҷониби нерӯҳои таъиноти махсуси милитсия пахш карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, аз эҳтимол дур нест, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ қурбони тирпарронӣ шуда бошанд.

Як манбаи “Азия-Плюс” дар бемористони вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки шаби 8 ноябр 6 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо захмҳо аз силоҳи оташфишон ба бемористон оварда шудаанд.

“Айни замон вазъи солимии онҳо миёна арзёбӣ шуда, ба ҳаёташон ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад”, – гуфтанд дар бемористон.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин хабар доданд, ки шумори маҳбусони ҳалокшуда зимни ошӯб метавонад то ба 20 нафар расад.

Ба эҳтимоли зиёд будани шумори кушташудагон ин далел низ гувоҳӣ медиҳад, ки дирӯз дар Хуҷанд мардум шоҳиди он будаанд, ки шумори зиёди мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ ба самти маҳаллаи 16-ум, макони ҷойгиршавии муассисаи ислоҳии низомаш сангини 3/3 раҳсипор будаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти расмӣ хомӯширо ихтиёр кардаанд. Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон қаблан хабар дода буданд, ки дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи махсуси тафтишотӣ машғули кор буда, сабабҳои сар задани исён таҳқиқ мешаванд, аммо доир ба ҷузъиёти дигари ҳодиса, аз ҷумла шумори кушташудагон маълумот надоданд.

Тафсилоти хабар мавриди пайгирӣ қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.