Таваҷҷуҳи ширкатҳои Сербия ба сабзавоту меваи Тоҷикистон

Ширкати аграрии Delta Agrar аз Сербия имконоти сармоягузориро ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар Кумита бо ҳайати намояндагони ширкати аграрии “Делта Аграр”-и Сербия вохӯрӣ баргузор гардид. Гуфта мешавад, намояндагои ин ширкат ҷиҳати омӯзиши соҳаи кишоварзии мамлакат ва ба роҳ мондани […]

Ширкати аграрии Delta Agrar аз Сербия имконоти сармоягузориро ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар Кумита бо ҳайати намояндагони ширкати аграрии “Делта Аграр”-и Сербия вохӯрӣ баргузор гардид.

Гуфта мешавад, намояндагои ин ширкат ҷиҳати омӯзиши соҳаи кишоварзии мамлакат ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо мақсади сармоягузорӣ намудан дар ин соҳаи муҳими иқтисодиёт аз 5 то 10 ноябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

“Дар рафти вохӯрӣ оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, имтиёзҳои андозиву гумрукӣ барои сармоягузорон ва минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат маълумот дода шуд”, – омадааст дар хабар.

Қайд шудааст, ки дар Тоҷикистон барои соҳибкорону сармоягузорон 97 имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардида, субъектҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҳама намуд андозҳо озод мебошанд, ба истиснои андози иҷтимоӣ ва соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои стратегии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба шумор рафта, 70 фоизи аҳолии мамлакат дар ин соҳа фаъолият менамоянд.

Сипас аз ҷониби ҳайати намояндагони ширкати аграрии “Делта Аграр”-и Сербия оид ба самти фаъолияти ширкат ва нақшаҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки ширкати “Делта Аграр” ҳамчун аъзои ширкати холдингии “Delta Holding” соли 1993 таъсис ёфта, яке аз ширкатҳои пешқадам дар соҳаи истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ ба шумор меравад. Ширкати “Делта Аграр” дар бозорҳои Иттиҳоди Аврупо, Руссия ва Швейтсария пурсамар фаъолият намуда истодааст. Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла самти истеҳсоли меваҷоту сабзавот қобили таваҷӯҳ буда, ширкат мақсад дорад, ки дар ин самт сармоягузорӣ намояд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба ҳайати намояндагони ширкати аграрии “Делта Аграр”-и Сербия маводҳои иттилоотӣ оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон тақдим карда шуда, аз ҳайати намояндагони ширкат даъват ба амал оварда шуд, ки онҳо барои аз наздик шинос гардидан бо Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва амалӣ намудани лоиҳаи сармоягузорӣ бори дигар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оваранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.