Ошӯби маҳбусон дар зиндони низомаш шадиди Хуҷанд

Дар муассисаи ислоҳии низомаш шадиди шаҳри Хуҷанд шаби 8 ноябр маҳбусон ба ошӯб даст зада, он аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пахш карда шуд. Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон далели ошӯбро тасдиқ намуда, лекин аз пешниҳоди ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ варзиданд. “Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи махсуси корӣ сабабҳои сар задани ошӯбро таҳқиқ мекунад. […]

Дар муассисаи ислоҳии низомаш шадиди шаҳри Хуҷанд шаби 8 ноябр маҳбусон ба ошӯб даст зада, он аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пахш карда шуд.

Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон далели ошӯбро тасдиқ намуда, лекин аз пешниҳоди ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ варзиданд.

“Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи махсуси корӣ сабабҳои сар задани ошӯбро таҳқиқ мекунад. Алҳол ҳеҷ ҷузъиёте маълум нест”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ин Сарраёсат.

Исён дар муассисаи ислоҳии низомаш сангин, воқеъ дар қаламрави микрорайони 16 шаҳри Хуҷанд рух дод. Шумори кушта ё захмишудагон дар он алҳол номаълум аст. Ҳамчунин маълум нест, ки ба чанде фирор кардан муяссар шудааст ё не.

Дар ҳамин ҳол, тавре Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи худ хабар медиҳад, бар асари задухӯрд хисороти ҷонӣ ҳаст, аммо теъдоди кушташудаҳо ва захмиҳо маълум нест. Нерӯҳо зуд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда ва ошӯбгаронро пахш карданд.

Ба қавли шоҳидон, дар ҳамаи роҳҳои шаҳр ба самти кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон посгоҳҳои тақвиятёфтаи кормнадони сохторҳои қудратӣ гузошта шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки ду сол пеш – 24 ноябри соли 2016 сокини 26-солаи Исфара Амонуллохон Носирӣ аз зиндони низомаш шадиди №3/3-и шаҳри Хуҷанд фирор намуд. Баъди ду рӯз ӯ дар қаламрави зодгоҳаш – шаҳри Исфара боздошт шуда буд.

Қаблан шаби 17 июни соли 2016 маҳбусон Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов низ ҷиҳати фирор аз ҳамин зиндони кӯшиш карда буданд. Онҳо бо корд сардори шуъбаи назорат ва тарбияи зиндон Ёрмамад Алимамадовро захмӣ карда буданд, ки дар роҳ ба бемористон ҳалок шуда буд.

Он замон зикр гардида буд, ки маҳбусони зикршуда барои пайвастан ба сафҳои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” аз зиндони гурехтанӣ будаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.