Ним сол муҳлати Рустами Эмомалӣ ба эҳёи корхонаҳои хусусӣ

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони корхонаҳои хусусии пойтахт ҷиҳати роҳандозии кор ва барқарор намудани фаъолият дар сатҳи зарурӣ ним сол муҳлат дод. Дар қарори раиси пойтахт дар бораи тақвият бахшидани фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе қайд мешавад, ки ба роҳбарони ин корхонаҳо ҷиҳати барқарор ва тибқи таъинот истифода бурдани корхонаҳои зикргардида, инчунин […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони корхонаҳои хусусии пойтахт ҷиҳати роҳандозии кор ва барқарор намудани фаъолият дар сатҳи зарурӣ ним сол муҳлат дод.

Дар қарори раиси пойтахт дар бораи тақвият бахшидани фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе қайд мешавад, ки ба роҳбарони ин корхонаҳо ҷиҳати барқарор ва тибқи таъинот истифода бурдани корхонаҳои зикргардида, инчунин мувофиқи мақсад истифода бурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда огоҳнома оиди дар муддати 6 моҳ (то 1 апрели соли 2019) ислоҳ кардани камбудиҳо ирсол намоянд.

Гуфта мешавад, ин қарор бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмин намудани талаботи ниёзи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ қабул мешавад.

“Дар сурати барқарор накардани фаъолияти корхона ва мувофиқи мақсад истифода набурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда, масъалаи ба манфиати давлат бозпас баргардонидани корхона ва қитъаи заминро дар асоси талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада, таклифҳо манзур шаванд”, – омадааст дар қарор.

Зимнан зикр мегардад, ки барои назорати ҷараёни барқарорсозии фаъолияти корхонаҳо, ки айни замон фаъолият надоранд ё аз рӯи таъинот истифода намешаванд, аз ҳисоби муовини раиси пойтахт ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.