Рақобати футболбозони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар даври интихобии Ҷоми Осиё-2020

Мунтахабҳои олимпии футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар даври интихобии мусобиқаи Чемпионати Осиё-2020 дар яе гурӯҳ қарор гирифтанд. Мусобиқаи даври интихобӣ аз 22 то 26 марти соли оянда дар Тошканд баргузор мешавад. Маросими қуръакашии мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футбол байни ҷавонони синни то 23-сола дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур доир гардид. Чемпионати Осиё-2020 […]

Мунтахабҳои олимпии футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар даври интихобии мусобиқаи Чемпионати Осиё-2020 дар яе гурӯҳ қарор гирифтанд. Мусобиқаи даври интихобӣ аз 22 то 26 марти соли оянда дар Тошканд баргузор мешавад.

Маросими қуръакашии мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футбол байни ҷавонони синни то 23-сола дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур доир гардид. Чемпионати Осиё-2020 байни ҷавонон дар Таиланд баргузор мегардад.

Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон рақобат мекунад, хабар дода мешавад дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, аз 44 дастаи мунтахаб ҳамагӣ 11 гурӯҳ ташкил шудааст. Мусобиқаи даври интихобӣ аз 22 то 26 марти соли оянда доир мегардад. Ғолибони гурӯҳҳо ва чор дастаи беҳтарини зинаи дуюми гурӯҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд. Мунтахаби Таиланд ба сифати мизбони мусобиқа сарфи назар аз натиҷаи даври интихобӣ дар мусобиқа иштирок хоҳад кард.

Се дастаи беҳтарини мусобиқаи Чемпионат Осиё-2020 оид ба футбол байни ҷавонон ба Бозиҳои олимпии-2020 дар Токио роҳхат мегиранд.

Қобили зикр аст, ки ғолиби амалкунандаи Чемпионати Осиё мунтахаби Ӯзбекистон мебошад, ки дар бозии финалии Чемпионати Осиё-2018 моҳи феврал дар Чин бар ҳамсолони худ аз Ветнам бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.