Эмомалӣ Раҳмон ба нишасти СААД ба Остона меравад

Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона имрӯз, 8 ноябр иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир мегардад. Дар кори он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат меварзад. Сарони кишварҳои узви Созмон масоили марбут ба мушкилоти ҷойдошта дар таъмини амнияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати хориҷии кишварҳои узви СААД, такмили механизмҳои муқовимат ба […]

Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона имрӯз, 8 ноябр иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир мегардад. Дар кори он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат меварзад.

Сарони кишварҳои узви Созмон масоили марбут ба мушкилоти ҷойдошта дар таъмини амнияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати хориҷии кишварҳои узви СААД, такмили механизмҳои муқовимат ба таҳдиду чолишҳо ва рушди имконоти низомии Созмонро баррасӣ мекунанд.

Сарони кишварҳо масъалаи таъини дабири кулли нави Созмонро ба ҷойи намояндаи Арманистон Юрий Хачатуров, ки аз ин вазифа озод шуда буд, низ баррасӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти хабаргузории Интерфакс, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков гуфтааст, ба ин мансаб номзадии се нафар –  намояндаи Русия Семериков, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли СААД то моҳи майи соли 2020; намояндаи Беларус тибқи алифбо баъди Арманистон ва намояндаи Арманистон то моҳи майи соли 2020 бо исрори ин кишвар.

Дар нишасти Остона имзои наздики 20 санад, аз ҷумла баёнияи сиёсии ниҳоӣ ва изҳороти сарони кишварҳо дар бораи тадбирҳои ҳамоҳангшудаи кишварҳои узв нисбати иштирокчиёни низоъҳои мусаллаҳона дар сафи созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар назар аст.

Дар нишаст баррасии бастаи ҳуҷҷатҳо бобати ба расмият даровардани мақоми нозир ва шарики СААД пешбинӣ шудааст, ки нияту омодагии Созмонро ба ҳамкорӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байнулмилалии манфиатдор ифода хоҳад кард.

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 таъсис дода шуд. Ба ҳайати он Русия, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон шомиланд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.