Аз оғози сол нарху тарифҳо дар Тоҷикистон 4,7% боло рафтанд

Пайрав Чоршанбиев

Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 4,7%-ро ташкил дод. Ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 6% баробар буд.

Моҳи гузашта мизони таваррум 0,7%-ро ташкил дод. Аз ҷумла моҳи октябр маҳсулоти хӯрокворӣ – 1,4%, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ – 0,3% қимат шуда, хизматгузориҳои пулакӣ баръакс 0,6% арзон шуданд.

Дар маҷмӯъ аз оғози сол маҳсулоти хӯрокворӣ, ғайрихӯрокворӣ ва хизматрасониҳо ба андозаи 4,7% қимат шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли равон таваррумро дар сатҳи на бештар аз 7% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,7%-ро ташкил дода буд.

Кадом маҳсулоту хизматрасониҳо моҳҳои январ-октябр аз ҳама бештар қимат шуданд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ:

Карам – 17,5%

Пиёз – 14,8%

Сабзӣ- 11,3%

Шир – 8,8%

Тухм – 7,1%

Равған – 3,1%

Орди навъи якум – 2%

Маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ:

Бензин – 16,9%

Матои абрешим – 11,9%

Дастгоҳҳои маишӣ – 9,5%

Маҳсулоти дорусозӣ – 6,7%

Семент – 5,3%

Воситаҳои шустушӯ – 4,9%

Хизматрасониҳо:

Нақлиёти мусофирбари ҳавоӣ – 55,6%

Обу корез – 10,4%

Гази моеъ – 3,2%

Сафар дар нақлиёти автомобилӣ – 1,8%

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.