Раиси парлумони Ӯзбекистон аҳамияти байнулмилалии нерӯгоҳи Роғунро таъкид кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 20 ноябр Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоиловро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоту музокирот омили муҳим барои рушди муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Ӯзбекистон мегардад.

Дар оғози суҳбат Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” табрику таҳният намуда, изҳор дошт:

“Ман аз баистифодадиҳии муваффақонаи ин иншооти азим ба ваҷд омадам. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад ва татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардумони тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти байналмилалӣ дорад. Ин лоиҳаи беназир маҳз бо шарофати Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азму иродаи қавӣ ва сиёсати дурбинонаатон амалӣ гардид”.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои кишварҳо ба сатҳи нави шарикии стратегӣ баромад ва барои ноил гардидан ба ин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев такони ҷиддӣ бахшид.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла ҷоннок кардани фаъолияти гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули таҷриба дар самти қонунгузорӣ, иброз доштанд.

Таъмиқи ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, афзоиши гардиши мол, татбиқи амалии санадҳои муҳими зимни сафарҳои давлатии сарони давлатҳо баимзорасида, рафтуомади бераводид, ифтитоҳи нуқтаҳои назоратӣ, кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ, роҳҳои оҳану мошингард, ҳамкории фарҳангию гуманитариро муҳим шуморида, онро воситаи асосии баҳамоии мардумони дӯсти тоҷику ӯзбек маънидод карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ таъмини амну субот дар минтақа, муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории трансмиллӣ, аз самтҳои афзалиятноку барои мардумон судманд, зарур шумурда шуд. Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.