Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон каме афзуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли равон шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 938 млн. доллар маблағ фиристодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (1 млрд. 875 млн. доллар) 3,4% ё худ 63 млн. доллар бештар аст.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон – 487 млн., семоҳаи дуюм – 672 млн. ва семоҳаи сеюм – 779 млн. доллар маблағ интиқол дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми интиқоли пул аз Тоҷикистон ба Русия аз ҷониби шахсони воқеӣ баръакс – аз 42 млн. доллар дар семоҳаи аввали соли равон то ба 38 млн. доллар – дар семоҳаи дуюм ва 36 млн. доллар – дар семоҳаи сеюм кам шудааст. Ҳаҷми умумии ин маблағи ба Русия интиқолёфта давоми 9 моҳ 116 млн. долларро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти гуногун, айни замон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доранд.

Соли 2017 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 2 млрд. 536 млн. доллар маблағ фиристоданд, ки ба 36%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.

Ҳаҷми маблағҳои фиристода аз Русия ба кишварҳои паҳнои ИДМ тӯли 9 моҳи соли равон тариқи зайл аст: ба Ӯзбекистон – 3 млрд. 57 млн. доллар, Қирғизистон – 1 млрд. 776 млн., Арманистон – 802 млн., Озарбойҷон – 719 млн., Қазоқистон – 559 млн., Украина – 399 млн., Молдова – 364 млн. ва Беларус – 209 млн. доллар.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...